Дилшода Фарҳодзод — Самарқанд

Паси девори хаёл

Паси девори баланди ғурур

Ҳар шаб

Диле ба осмон чашми умед медўзад

Дар синаи тира ва умедбахши шаб

Моҳу ситора навмед месўзад

Ки фардо субҳ бо сўзани хуршед

Чашми ахтарон медўзад ва лаби моҳ

Ғафлати хуршед асту аҷзи ду гувоҳ

Ва масту хушвақт

Ғофилу хушбахт дар кўча меравад

Пагоҳ

Танҳову

Танҳо орзу

Ки шеъри оҳамро

Оҳанги ормонӣмедиҳад

Сақохонаи сиёҳамро

Ғами сафед пой мениҳад

Ҳаме

Бо мизроби гунги розҳо

Захмҳоямро захма мезанад

Даме, ки дар тори осмон

Тори ғамовез метанад

Донӣ, ғам об мечакад

Аз пардаи саҳоб

Бо ҳой-ҳою нолаи борон ҳамчу дурр

Ҳар рўз

Паси девори баланди ғурур

***

Бори абрҳои сапед

Тасвирҳое зи пушти шишаҳо

Ба куҷоҳо

Ба куҷоҳо кунандам ово

Ман аз сукути хеш, аз сукути хонаҳо

Ва аз фишору сангинии каронаҳо

Чу хаста моҳии бурун зи обҳо

Миёни санг гаштаам.

Давида баҳри об, барои муждаи наҷот

Ва то хутути охарин миёни мо

Дар ин ҳудуд

Ҷаҳони танг гаштаам.

Чу абри озари сафед дар бари хаёли ту

Парида пур зи хоҳиш

Чун абри ашкбори тираи фазо

Асири ранг гаштаам.

دلشاده فرهاد زاد — سمرقند

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *