Директори ММТ: Бақайдгирии довталабон дар 4 давра мегузарад

Имсол тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 99 ҳазору 722 нафар довталаб барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ номнавис шуданд. Ин нисбат ба соли гузашта зиёд аст.

Дар ин хусус Сабзаалӣ Ҷаъфарзода, директори ин ниҳод дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ҷаъфарзода гуфт, дар миёни довталабон гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) аз ҳама серинтихобтарин ва гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) каминтихобтарин буданд.

Ба таъкиди Сабзаалӣ Ҷаъфарзода, минбаъд ҳамасола бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД дар 4 давра гузаронида мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *