Директори ТУТ: Келини тоҷик мехоҳам…

Бо Тедрос Гебреисус ман дар фурудгоҳи Алмаато, вақте ки ӯ аз Қарағанда бармегашту ба Женева сафар дошт, тасодуфан вохӯрдам. Ҳарчанд африқоиҳоро мо аз ҳамдигарашон кам фарқ мекунем, вале аз рӯи аксҳои ӯ зуд фаҳмидам, ки ин мард гарчанде колои қазоқӣ дар бар дошт, маҳз ҳамон Директори генералии ТУТ (Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ) мебошад. Фурсатро аз даст надода, хостам бо ӯ суҳбате анҷом диҳам, аммо ҳамроҳонаш (шояд ҷондоронаш бошанд) нагузоштанд наздик шавам. Ман ҳам пофишорӣ карда, ба ӯ расидан мехостам, аммо…

Ин дам пулиси фурудгоҳ ба кумаки муҳофизони Тедрос расид. Дидам, ки намешавад, бо тамоми овоз ба забони тоҷикӣ дод задам: “Рафиқ Тедрос, ба саломатии ман зарар расонидан мехоҳанд…”. Тедрос, ки ба самти баромадгоҳ равон буд, ин садои баланд ва инлафзи ношиносро шунида, ба қафо нигарист ва маро дида, як лаҳза дар ҷояш истоду баъд баргашта ба мо наздик шуда, гиребони маро аз чанги пулис халос карда истода, бодиққат ба рӯям нигаристу бо англисӣ пурсид:

— Aren’t you the same person who interviewed George W. Bush and Xi Jinping?

Дар ҷавоб хурсандона:

— Yes, yes. This is me…” гуфтаму бо ҳамин луғати англисидониам ба охир расид. Ба ӯ бо чанд забоне, ки аз ҳар кадомаш чанд калима медонистам, фаҳмонидам, ки мехоҳам бо вай мусоҳиба анҷом диҳам. Директори генералӣ як ба соаташ нигаристу баъд маро ҳамроҳ ба VIP-зали фурудгоҳ даровард ва ба тарҷумони русидонаш гуфт, ки мехоҳад барои 15 дақиқа бо ин мухбир суҳбат кунад. ”Как никак, он из стране который один из первых победил над коронавирусом…” гуфт аз забони ӯ тарҷумон ва мо як суҳбати кӯтоҳи сарироҳӣ кардем, ки ҳоло дар зер онро мехонед.

— Салом акаи Тедрос. Аввалан, мехостам шуморо бо Соли нав ва баъд бо таваллуди набераатон Кай аз номи хонандагони ҳафтаномаамон табрик кунам…

— Ташаккур. Ман гоҳ-гоҳ “Тоҷикистон”-ро варақ мезанам. Газетаи  барои мардум даркорӣ…

Раҳмат, аммо чаро танҳо варақ мезанеду намехонед?

— Охир ман тоҷикиро намедонам…

Худатон ку аз африқоиҳои Эфиопия ҳастед, чаро қазоқиро медонеду тоҷикиро не?

— Айб накунед, охир келинам қазоқ аст, набераи шоири гурӯғлисарои қазоқ Ҷурсин Эрман. Барои он, ки бо набераам Кай гап зада тавонам, маҷбур қазоқиро омӯхтам ва ҳатто бобояш, Ҷурсин-акаро бо забони қазоқӣ дар интернет табрик ҳам кардам.

— Шояд ба Қазоқистон зуд-зуд сафар кардану ба Тоҷикистон наомаданатон ҳам аз ҳамин сабаб бошад?

— (Андаке сурх шуда) Э, не-е… Ҳамту, гоҳ-гоҳ роҳгузар мешавем. Ба ҳафтодсолагии Ҷурсун-ака омада натавонистам, ана ҳозир омадаму табрикаш кардам. Қудо дия… Аммо ба Тоҷикистон ҳатман меравам. Ин се сабаб дорад. Аввалаш ин ки, кишвари шумо яке аз аввалинҳо шуда, “КОВИД-19”-ро мағлуб кард. Дуюмаш ин ки, Тоҷикистон дар соли 2022 ба қатори кишварҳое ворид гардид, ки бемории вараҷаро (ман мутахассиси ҳамин соҳа ҳастам) пурра аз байн бурд. Ва сеюмаш ин ки, мегӯянд, дар Тоҷикистон беҳтарин арӯсон ҳастанд. Ман бачаи чорумамро зан доданӣ…

— Оҳо… Шумо чанд фарзанд доред?

— Алҳол панҷто… Минбаъд шояд зиёдтар шавад.

— Оилаи тоҷикӣ доштаед ку… Агар боз бачадор ё наберадор шавед, номашро чӣ мемонед?

— Номашро баъд аз Кай албатта Тут мемонам. Яъне ба забони шумо, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ… Тоҷикон мардуми аҷибанд, бинед, ки номи тоҷикии созмони умумиҷаҳониро бо номи як дарахте, ки мевааш, шириниаш ба сад дард, хусусан сулфаю дардҳои дигари шуш даво аст, мувофиқ кардаанд.

— Мо не, шумо мувофиқ кардаед. Ин дарахт ҳазорон сол боз дар замини мо месабзад ва дар гузашта худ аптекаи бемориҳои шуш будааст. Аммо, ҷаноби Тедрос, гапро ба дигар ҷой набареду ба саволи навбатии ман ҷавоб гӯед, ки кай ба Вазорати тандурустии мо кумаки ҳаматарафа мерасонед?

— Шумо гӯед, ки ба чӣ ниёз доред?

— Шукр, мо ҳама чиз дорем. Фақат агар илоҷаш бошад, ҳамин хизматрасонии тиббиро дар деҳоти мо аз ҳисоби ТУТ бепул кунед ва ё маблағгузории давоҳои беморони доимиро аз ҳисоби созмонатон, ки 193 давлат узви он ҳастанд, мисли дигар давлатҳо  ба уҳда гиред…

— Шумо бемориҳоеро аз қабили диабет, фишорбаландӣ, силу боз чанд бемории дигари ба ҳамин монанд дар назар доред?

— Шумо аҳли фаҳмед. Ана дидед, якдигарфаҳмӣ шуда истодааст…

— Дурусту… Лекин фикр карда дидан лозим…

— То кай? То замоне, ки барои писаратон арӯси тоҷик пайдо накунед? Дониста монед, ки келини тоҷик кардан мисли келини қазоқ ёфтан осон нест…

— Чаро?

— Аввалан, қалини бисёр талаб мекунанд… (ӯ чизе гуфтанӣ шуд, ки ман давом додам). Фаҳмидам, шумо мехоҳед гӯед, ки Қонуни танзим чӣ? Дуруст, аммо ин қонун барои дохилиҳо, аз хориҷиён чӣ қадар “канем” ҳам, касе чизе нахоҳад гуфт. Налогашро медиҳем. Дуюм, гармии имсоларо дида, арӯсони мо метарсанд, ки “Тоҷикистон ҳамин хел бошад, Африқояш чӣ гуна аст?”. Сеюмаш… сеюмаш барои келин кардан аввал ТУТ бояд дили вазоратро ёбад ва ваъдаи холӣ надиҳад…

— Не, ба Худо, ки ба зудӣ. Худо хоҳад, дар соли нави 2023 ва минбаъд…

— Аҳа… Қазоқҳо “Ал ваъдаю ва дайн” гуфтаанд ва баъд онро арабҳо арабӣ карда истифода бурда истодаанд. Тоҷикон бошанд, бе ҳеҷ тарҷима номи набераатонро ба шумо ёдрас карда мегӯянд, ки бори дигар Солатон нав боду аммо фаромӯш накунед, ки исми набераи нимқазоқу намаафриқоиятон Кай аст… Умедворем, ки дигар “мурдаро монда, ТУТ-хӯрӣ” намекунем ва дархости солинавии мо иҷро мешавад…

— Ҳатман…

Мусоҳиб: А. АҲМАДЗОДА

МАЪЛУМОТНОМАИ “ТОҶИКИСТОН”

Тедрос Адан Гебреисус моҳи марти соли 1965 дар оилаи муҳандис ва соҳибхоназан таваллуд шудааст. Соли 1986 Донишгоҳи Асмараро бо ихтисоси биология хатм кардааст. Дар Вазорати тандурустии Эфиопия ба ҳайси лаборант ба фаъолияти меҳнатӣ оғоз намуда, то ба дараҷаи вазирӣ расидааст. Соли 1992 дараҷаи магистриро дар соҳаи иммунологияи бемориҳои сироятӣ дар Донишгоҳи Лондон ба даст овардааст. Соли 2000-ум дар Донишгоҳи Ноттингем (Бритониё) унвони докториро дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ гирифтааст. Солҳои 2005-2012 вазири тандурустии Эфиопия, солҳои 2012-2016 вазири корҳои хориҷии Эфиопия буд. Аз соли 2017 дар вазифаи Директори генералии ТУТ (ВОЗ) фаъолият дорад. Оиладор, соҳиби 5 фарзанд аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *