ДМТ: дарси омӯзгоронро камераҳо назорат мекунанд
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки аз ин ба баъд раванди дарсҳо дар донишгоҳ бо камераҳо назорат карда мешавад.
«Мо дар ҳамаи синфхонаҳо камераҳое сабт кардем, ки садоро низ сабт мекунанд. Аз ин ба баъд деканҳои факултет имкон пайдо мекунанд, ки раванди дарсҳоро назорат кунанд»,- гуфт ректор.
Номбурда афзуд, ки ин тасмим ба хотири беҳтар шудани сатҳи таълим гирифта шудааст.
“Ин масъулияти омӯзгоронро зиёд мекунад. Аз ин ба баъд омӯзгорон фақат ба мавзӯи дарс таваҷҷуҳ мекунанд, яъне дар доираи силлабус ва мавзӯи мушаххаси дарс суҳбат хоҳанд намуд»,- зикр кард номбурда.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ