Доктор Орош Олоӣ омили асосии ғалабаи Тоҷикистонро ба COVID-19 гуфт

Ораш Олоӣ вирусологи маъруфи эронии муқими Амрико, ки дар рӯзҳои хуруҷи пандемияи короновирус дар Тоҷикистон маъруфият пайдо кард омили асосии ғалабаи Тоҷикистонро ба COVID-19 гуфт.

Номбурда имрӯз зимни нишасти матбуотии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ифтимоии аҳолии Тоҷикистон се омили асосии ғалабаи Тоҷикистон бо COVID-19-ро номбар кард:
“Таҷриба нишон дод, ки бо COVID-19 технология ғалаба карда наметавонад, балки сиёсат ва фарҳанг муҳим мебошад. Дар Тоҷикистон низ чанд омил сабаб шуд, ки муваффақият ба даст ояд. Якум, сиёсат. Коргузории дурусти мақомот ва назорати вазъият; дуюм, фарҳанги муносибати мардум ба гуфти мақомот.

Сеюм расонаҳо, ки воқеияти хатари короновирус ва омилҳои ҳифозат аз онро ба мардум расонида тавонистанд.” – гуфт номбурда.
Ӯ қайд кард, ки дар ватани ӯ Амрико омили дуюм – муносибати мардум то ба ҳол танзим нашудааст, бинобар ин COVID-19 ИМА-ро тарк намекунад.
Ҳамчунин, Ораш Олоӣ гуфт, набудани COVID-19 маънои онро надорад, ки мардум фориғбол бошанд “бояд эҳтиёт шуд” – гуфт табиб.

Ҳамчунин, Олоӣ гуфт, ки байни ӯ ва вазорати тандурустӣ дар мавриди кор шартномаи пулӣ вуҷуд надорад ва ӯ ба Тоҷикистон ҳамеша омодаи кӯмак аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *