Домчоҳро кормандони коммуналии Сино барои кӣ кандаанд?
Чанде пеш як гурӯҳ коргарони масъул бо техникаи зарурӣ ба кӯчаи Маяковский 77-и ноҳияи Сино омада, бо мақсади беҳдошти муҳити зист, гирду атрофи биноҳои истиқоматиро аз симтӯр, панҷараҳои оҳанӣ, анбор ва ошхонаҳои худсарона сохтаи сокинон тоза карданд. Ин кор дар назди бинои 77 «а» низ анҷом дода шуд.
Дар байни бинои мазкур ва девори муассисаи сохтмонии ҳамсоя, аз қафо солҳост чоҳи канализатсионии чуқуриаш 3 метр ва бо бару дарозӣ 2-3 метрае мавҷуд аст, ки то омадани он коргарон болояш бетонпӯш буд. Вақте ки трактор ошхонаи қафои биноро вайрон кард, хоку санги онро ба болои роҳ, ба таври худ тахту ҳамвор сохт. Аммо коргарон сарпӯши вазнин ва бетонии болои чоҳро ба ҷояш нагузошта рафтанд. Бо ин амал домчоҳе сохтанд барои кӣ? Намешуд, ки бо сангу хоки тайёр чоҳро пур мекарданд. Ҳамин хунукназарии онҳо буд, ки дар давоми моҳ чанд роаҳгузар ба он домчоҳ афтода, захм бардоштанд.
Бори аввал як автомобили сабукрав, ки соҳибаш роҳи «нав» гуфта, ба ин ҷо омада буд, дар он дармонд. Чанд рӯз пеш як нафар сокини бинои мазкур, шабона барои партовбарӣ баромада, ба чоҳ афтод. Чанд ҷои дасту пой ва сараш маҷрӯҳ гашт. Бовар кунед, каси ба он афтода мустақилона аз он баромада наметавонад.
Ҳозир барои гузаштан аз тарафи девори муассисаи ҳамсоя ҳамагӣ як метр роҳ мондаасту халос. Ин барои гузаштани кӯдакону наврасон ва калонсолон хеле хатарнок аст. Иловатан, дар чуқурӣ шишамайда, сангу оҳан ва дигар чизҳои нӯгтез хеле зиёданд.
Ба роҳбарияти Кооперативони моликони манзили №11, ки идораашон дар ҳамин наздикиҳост, лозим аст аз вазъи атрофи биноҳои истиқоматии кӯчаи Маяковский 77 бохабар бошанд. Маблағҷамъкуниро барои корҳои накардаи коммуналиашон меситонанд –ку.
Фалокатҳои навбатиро интизор шудан ҷиноят аст. Масъулони шуъбаи хоҷагии коммуналии ноҳияи Сино барои бемасъулиятию беназоратӣ ва иҷро накардани вазифаҳои ҷониашон дар назди ҷомеа ҷавобгаранд охир.
Ҷ, Шариф,
И. Суварӣ,
сокинони ноҳияи Сино
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ