Доналд Трамп ва ҳамсараш гирифтори COVID-19 шуд
Тавре РИА Новости иттилоъ медиҳад, ташхиси охирнии президенти ИМА Доналд Трамп ва ҳамсараш Мелани Трамп аз коронавируси навъи COVID — 19 мусбат баромад.
«Имрӯз ташхиси ман ва хонуми аввал аз COVID-19 мусбат баромад. Мо ҳаминак карантин мекунем ва ба табобат шурӯъ менамоем. Мо якҷо инро паси сар мекунем!» — навиштааст Трамп дар Twitter.
Тафсилоти бештар дар ин бобат то ҳол дасатрас нест. Бо расидани хабарҳои тозатарин шуморо огаҳ месозем.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ