Донишгоҳи Анқара хоҳони афзоиши довталабони тоҷик аст

Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо ректори Донишгоҳи Анқара, профессор, доктор Неҷдет Унувар мулоқот кард.

Бино ба иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили таълими донишҷӯёни тоҷик дар ин муассиса, аз ҷумла вазъи таҳсил ва шароити зиндагии онҳо, афзоиши квотаҳои таҳсилӣ ва ҳамчунин роҳандозии ҳамкориҳои миёни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва ин донишгоҳро баррасӣ кардаанд.

— Бояд гуфт, ки Донишгоҳи Анқара дар заминаи Мактаби ветеринарӣ (1842) ва факултети сиёсатшиносӣ соли 1859 таъсис ёфтааст. Пас аз он соли 1925 дар он факултети ҳуқуқшиносӣ, соли 1935 факултетҳои забон, таърих ва ҷуғрофия бо дастгирии Камол Отатурк таъсис ёфтанд. Имрӯз Донишгоҳи Анқара аз 19 факулта, 14 донишкада, 12 техникум, 1 консерваторияи давлатӣ, 44 маркази тадқиқотӣ, 1 коллеҷи забонҳои хориҷӣ иборат буда, дар он 4000 омӯзгор фаъолият мекунанд. Дар ин донишгоҳ 70000 донишҷӯ таҳсили илм доранд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *