Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон соҳиби гимназия шуд
Дар назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон гимназия таъсис ёфт. Аллакай дар ин муассисаи таълимӣ толибилмон барои соли нави таҳсил қабул шуда истодаанд.
Жило Гулназарзода, ректори донишгоҳи мазкур дар нишасти хабарӣ гуфт, ки тибқи иҷозатномаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон 350 хонанда барои таҳсил ва 60 нафар ба Маркази инкишофи кӯдак иҷозат дода шуда, аз 1-уми июни соли ҷорӣ қабули хонандагон оғоз гардид.
Ҳамчунин, ректор иттилоъ дод, ки 15-уми январи соли ҷорӣ аз ҷониби Агентии мустақили аккредитатсия ва радабандӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон 9 ихтисоси амалкунандаи муассиса (1-210601-02 забонҳои муосири хориҷӣ (тарҷумони забони англисӣ), 1-210502-08 забони хориҷӣ (забони англисӣ, омӯзгор), 1-020302 забон ва адабиёти рус, 1-210601-02 забонҳои муосири хориҷӣ (тарҷумони забони русӣ), 1-01020205 таҳсилоти ибтидоӣ. Забони англисӣ, -010102-03 таҳсилоти томактабӣ. Забони англисӣ, 1-010102-03-таҳсилоти томактабӣ. Забони русӣ, 1-01020205- таҳсилоти ибтидоӣ. Забони русӣ, 1-020301- забон ва адабиёти тоҷик) соҳиби Шаҳодатномаи байналмилалӣ гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ