Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

ДМТ-маркази бузурги илмию таълимӣ

«Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун яке аз марказҳои бузурги таълиму тарбияи кадрҳои миллӣ дар рушди илму маориф ва фарҳанги кишвари соҳибистиқлоли мо нақши хоса ва бузург дорад. Зеро ҳоло дар кишварамон соҳае нест, ки дар он хатмкардагони донишгоҳ фаъолияти пурмаҳсул надошта бошанд».

Эмомалӣ РАҲМОН, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Воқеан ҳам, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази бузурги таълимию илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар рушду такомули соҳаи илму маориф, баланд бардоштани маърифат, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси кишвар нақши муҳим мебозад. Неруи азими ақлоние, ки дар донишгоҳ фаъолият менамояд, барои ҷумҳурии азизамон ҳазорон мутахассиси баркамоли шоистаи замонро барои соҳаҳои гуногуни илму маърифат ба воя расондааст. Имрӯз дастпарварони он дар пешрафти давлати мустақили Тоҷикистон, рушду такомули иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангии он саҳми арзанда мегузоранд.

Қобилҷон Хушвахтзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳбаланд гардида, баҳри дар рӯҳияи ватанпарварӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ ва инсондӯстӣ ба камол расондани донишандӯзон пайваста кӯшишҳо намуда, ҷиҳати татбиқи самараноки дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва Ҳукумати кишвар муваззаф ҳастанд.

Дар баробари чунин таваҷҷуҳҳо раёсати донишгоҳ низ мекӯшад, то пайваста дар маркази боварии роҳбарияти мамлакат қарор дошта, ҳамчун донишгоҳи пешоҳанги ҷумҳурӣ дар рушду инкишофи ҷомеа саҳмгузор бошад.

Соли сипаришуда бо мақсади ба низом даровардани раванди таълим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокию донишазбаркунии донишҷӯён ва ба талаботи бозори меҳнат мувофиқ гардондани равияю ихтисосҳои донишгоҳ, ҳамчунин, беҳтар намудани корҳои ташкилӣ ва таълимию методӣ дар сохтори мавҷудаи донишгоҳ ислоҳот сурат гирифт.

Бо мақсади ба низом даровардани раванди таълим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва донишазбаркунии донишҷӯён, ба талаботи бозори меҳнат мувофиқ гардондани равияю ихтисосҳои донишгоҳ, инчунин, беҳтар намудани корҳои ташкилӣ, таълимию методӣ дар сохтори мавҷудаи донишгоҳ,  шурӯъ аз оғози соли таҳсили 2020-2021 тағйирот ворид гардид. Аз ҷумла, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони соҳаи илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат дар таърихи 18.марти соли 2020 таъкид намуданд, ки: «… дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ихтисосҳои вобаста ба манбаъҳои таҷдидшавандаи неру, яъне  “энергияи сабз”, “иқтисоди сабз” ва “иқтисоди рақамӣ” таъсис дода шаванд».

Дар ин росто, ҷиҳати таъмини мутахассисон барои соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ раёсати донишгоҳ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли таҳсили 2020-2021 дар пояи моддӣ-техникии факултетҳои донишгоҳ ихтисосҳои 1-25011026-иқтисоди рақамӣ ва 1-25011027-иқтисоди сабзро таъсис дод.

Ҳамчунин, дар мувофиқа бо Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтисосҳои сиёсати берунӣ ва дипломатия дар факултети муносибатҳои байналхалқӣ, таъмини иқтисодиёти фаъолияти гумрукӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо дар факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ, менеҷменти молиявӣ, молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрук дар факултети молиявию иқтисодӣ, таъмини ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ дар факултети ҳуқуқшиносӣ, танқиди адабӣ дар факултети филология, таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (англисӣ-хитоӣ) дар факултети забонҳои Осиё ва Аврупо, логистика дар факултети иқтисод ва идора ва дандонпизишкӣ дар факултети тиббӣ таъсис дода шуда, қабули донишҷӯён дар соли таҳсили 2020-2021 дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва шартномавии ихтисосҳои мазкур ба роҳ мoнда шуд.

Ҳоло дар 118 кафедраи донишгоҳ 1310 нафар омӯзгор, аз ҷумла, 178 нафар доктори илм, 545 нафар номзади илм барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шуда, ҳамчунин, 343 нафар омӯзгор ба ҳайси ҳамкор ва соатбайъи беруна (аз ин шумора 143 нафар соатбайъ ва 200 нафар ҳамкор), ки бештари омӯзгорони соатбайъу ҳамкор аз ҳисоби кормандони беморхонаҳо дар факултети тиббӣ фаъолият менамоянд.

Қобили зикр аст, ки дар донишгоҳ 723 нафар омӯзгори унвони илмидор фаъолият дорад, ки 55,2 фоизи омӯзгорон кормандони асосии донишгоҳро ташкил медиҳанд, ки ин шумора яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ мебошад. Ҳамчунин, дар донишгоҳ 13 нафар академики Академияи миллии илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 11 нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.

Айни замон дар донишгоҳ барои таъмини раванди таълим бо техника ва технологияи информатсионӣ ва иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ дар факултетҳо ва сохторҳои таркибии донишгоҳ 2365 адад компютер, 654 принтери бисёрфунксионалӣ, 156 тахтаи электронӣ ва 224 адад видеопроектор мавриди истифода қарор доранд. Раёсати донишгоҳ ба харидории технологияи компютерӣ диққати махсус дода, танҳо дар соли 2020 маҷмӯан 50 адад компютер, 20 тахти электронӣ ва 20 видеопроектор харидорӣ шудааст.

Дар раванди таълими донишгоҳ 51 синфхонаи компютерӣ бо 1160 адад компютер мавриди истифода қарор дорад, ки 13 синфхонаи компютерӣ бо моноблок муҷаҳҳазонида шуда, шумораи компютерҳо 348 ададро ташкил медиҳад.

Аз 487 синфхонаи дарсии дар факултетҳо ва сохторҳои зертобеи донишгоҳ мавҷудбуда дар 224-тоаш тахтаҳои электронӣ ва видеопроектор истифода бурда мешавад. Таъмини синфхонаҳои дарсӣ бо технологияи инноватсионӣ 45,9 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар донишгоҳ 9 синфхонаи лингафонӣ бо теъдоди 27 компютер ва 137 монитор фаъолият менамоянд.

 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дорои литсей мебошад, ки хонандагон дар 17 синфи таълимашон бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Сатҳи сифати дониши хонандагони литсей, дар маҷмӯъ ба 76,9 фоиз баробар аст.

Фаъолияти байналмилалии донишгоҳ дар робита ба амалисозии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамчун сиёсати муваффақи «дарҳои боз» эътироф гардида, дар муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон маҳаки калидист, сарчашма гирифта, ба тадриҷ рушд карда истодааст.

Яке аз масъалаҳои мубрам, ки раёсати донишгоҳ диққати махсусро ба он равона карда буд, ин омодагӣ ва гузаштани Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз аккредитатсияи институтсионалии байналмилалӣ тавассути ҷалби агентии аккредитатсионии аврупоӣ  буд.

Айни ҳол донишгоҳ бо 287 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ дошта, узви Донишгоҳи шабакавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Донишгоҳи Созмони ҳамкориҳои Шанхай мебошад. Инчунин, донишгоҳ узви фаъоли Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё, муассиси Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё, муассиси Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ, узви Ассотсиатсияи байналмилалии омӯзгорони забон ва адабиёти рус ва созмону консорсиумҳои дигари байналмилалӣ низ мебошад.

Дар доираи Созишномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи забонҳои хориҷии Пекин 10 нафар донишҷӯи чинӣ ба донишгоҳ барои омӯзиши забони тоҷикӣ даъват карда шуд, ки таи як сол аз устодони факултети филологияи тоҷики донишгоҳ забони тоҷикӣ омӯхтанд.

Маҳз бо роҳандозии усулҳои нави идоракунӣ дар донишгоҳ имсол олимони шинохта устодои забони ҳиндӣ ва урду професор Рафиуддин (Ҳиндустон), омӯзгори забони англисӣ Ли Ли (Малайзия) ва 24 нафар устодони забони чинӣ барои кор ба донишгоҳ чалб шуданд.

default

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дорои хобгоҳҳои замонавӣ ва муҷҷаҳаз бо тамоми шароит мебошад. Тибқи дастури Пешвои миллат бо мақсади баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии донишҷӯён дар маҳаллаи Буни Ҳисорак бо маблағгузории раёсати донишгоҳ сохтмони хобгоҳи донишҷӯён ба анҷом расонда шуда, мавриди истифода қарор гирифт, ки дар ин бино имконияти истиқомати 1000 нафар донишҷӯ пайдо шуд. Бо ибтикори Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони навбатии бинои дуюми хобгоҳ санги асос гузошта шуд, ки бо сохта ба истифода додани он боз 1000 нафар донишҷӯ бо ҷойи хоб таъмин хоҳанд гашт.

Сохта ба истифода додани биноҳои мазкурро ҳайати омӯзгорон ва муҳассилини Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун туҳфаи арзишманд дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намуданд.

Вобаста ба иҷрои дастури Президенти мамлакат зимни вохӯрӣ бо фаъолони шаҳри Душанбе дар “Шаҳраки донишҷӯён” сохтмони Маркази хизматрасонии маишӣ бо маблағи 3 500 000 (се миллиону панҷсад ҳазор) сомонӣ оғоз гардид, ки маҷмааи мазкур аз ҳамоми занона ва мардона, ошхонаи донишҷӯён, сартарошхона, кошонаи ҳусни мардона ва занона ва хушкашӯӣ иборат буда, сохтмони мазкур имсол ба анҷом хоҳад расид.

Бо кӯшиши раёсати донишгоҳ сохтмони бинои дуошёна барои Институти Конфутсияи  назди ДМТ дар ҳаҷми 13 830 000 (сенздаҳ миллиону ҳаштсаду сӣ ҳазор) сомонӣ аз ҷониби Дафтари марказии Институти Конфутсияи Чин оғоз ёфта, корҳои сохтмонӣ айни ҳол анҷом ёфта, дар назар аст, ки бинои мазкур имсол анҷом ёбад.

Раёсат ва аҳли омӯзгорону кормандони ин боргоҳи маърифат дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки баҳри татбиқи амалии сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани нуфузу эътибори донишгоҳ кӯшиш намоянд ва  тавонанд, дар пешрафту татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат саҳмгузор бошанд.   

Рамзи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 101 мебошад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.