Донишҷӯёни тоҷик ба Покистон мераванд

Бино ба гуфтаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, ин фурсати таҳсилӣ дар риштаҳои муҳандисӣ, иқтисод, физика ва дар мақтаи таҳсилии коршиносӣ то докторӣ аст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”. 11 июл – Sputnik.
Ба хоҳишмандоне, ки шароити дарёфти бурсияи таҳсилӣ дошта бошанд, маҳалли сукунат дода мешавад.

Ғайр аз ин донишгоҳ ҳар моҳ 120 ҳазор рупия кӯмакпулии таҳсилӣ ва 10 ҳазор рупия кӯмаки хариди китобҳои дарсӣ ба афроди бурсия пардохт мекунад.
Бар асоси эъломи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, кӯмакпулии таҳсилӣ барои донишҷӯёни бурсияи мақтаи коршиносии аршад 144 ҳазор рупия ва кӯмакпулии таҳияи китобҳои дарсӣ 20 ҳазор рупия аст.
Таҳсил дар донишгоҳҳои Покистон ба забони англисӣ ва доштани гувоҳиномаҳои TOEFL ва IELTS низ зарур аст.

Хоҳишмандон метавонад мадорики мавриди ниёзро то 31 июл фурсат доранд ба маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, хиёбони Турсунзода 47 ирсол кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *