Интихоби Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ – роҳ сӯи фардои нек!

Дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар қатори дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар такя бо таърихи 75 — солаи худ ҳамчун боргоҳи муқаддас ва муҳими ахлоқӣ дар тарбияи насли донишманду босавод, тарбияи омӯзгорони ҷавон, соҳибфарҳанг, қавииродаву кордон нуфузи хоса касб намуда, дар омода намудани мутахассисони рақобатпазир нақши сазовор дорад.

Мирализода Абдусалом Мустафо, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ

Имрӯз ин чароғи маърифат ва кохи бошукӯҳи маориф ба як машъали фурӯзон табдил ёфта, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён кору фаъолияти худро дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳо, консепсияҳо, стратегияҳо, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳо, нақшаи корӣ, қарорҳои Шӯрои олимони донишгоҳ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда, ҷиҳати истиқболи сазовор ва амалигардонии нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида, корҳои назаррасу муҳимро анҷом дода истодаанд.

Донишгоҳ қабули довталабонро барои соли таҳсили 2021-2022 аз рӯйи 55 ихтисос эълон менамояд. Бо интихоби Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ояндаи дурахшон шуморо дар пеш аст.

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дорои хобгоҳҳои замонавӣ барои донишҷӯёну омӯзгорон, 8 марказ, аз ҷумла, маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ, табъу нашр, рушди касбият, ихтироъкорони ҷавон, ҳунарҳои мардумӣ, синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо технологияи замонавӣ, китобхонаи барҳаво, китобхонаи электронӣ пайваст бо интернети баландсуръат, маҷлисгоҳҳои замонавӣ, синфхонаҳои лингофонӣ, варзишгоҳҳои тобистонаву зимистонаи мутобиқ ба талаботи муосир, парки технологӣ, қитъаҳои таҷрибавию истеҳсолӣ, лабораторияҳо, маркази касбомӯзӣ, литсей, Коллеҷи омӯзгорӣ, сомонаи расмӣ, нашрия, маҷаллаҳои илмӣ, лагери истироҳатӣ, кӯдакистон, боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, шаҳраки донишҷӯён, ошхонаҳои муосиру замонавӣ, марказҳои хизматрасонии компютерӣ буда, ба муҳассилин 588 нафар мутахассисони соҳибтаҷриба, профессорон ва докторону номзадҳои илм таълим медиҳанд. Ҳамчунин, дар донишгоҳ курсҳои кӯтоҳмуддати тайёрии донишгоҳ амал мекунанд, ки довталабонро аз рӯйи кластерҳои тахассусии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода менамояд.

Донишгоҳ таҳсилро дар таълими рӯзона ва низоми фосилавӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда, ҳамчунин, барои идомаи таҳсил баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, маълумоти дуюм аз ихтисосҳои мавҷуда имконият муҳайё намудааст.

Маҳз фаъолияти густурдаву бисёрсолаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ буд, ки бо қарори Ташкилоти байналмилалии сертификати сифати аврупоии Институти Шветсариягӣ (Донишгоҳи Оксфорди Британияи Кабир) соҳиби Иҷозатнома (литсензия) ва Сертификати байналмилалии сифати Аврупо (ҷоиза) гардид.

Дар донишгоҳ маҳфилҳои гуногуни илмӣ фаъолият менамоянд, ки донишҷӯён бевосита аъзои онҳо буда, савияи дониши худро сайқал медиҳанд ва тавассути ин маҳфилҳо дар олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.

Дар донишгоҳ шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳо, шуъбаи магистратура, докторантураи Ph.D фаъолият менамояд, ки дар омода намудани кадрҳо саҳми беназир доранд. Танҳо дар соли 2020 13 нафар омӯзгорон рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуда, моҳи январи соли 2021-ум 12 нафари дигар барои дифои рисолаҳои илмии худ иҷозат гирифтанд.

Маҳз заҳмату талошҳои шабонарӯзии ҳайати олимону профессорон ва докторону номзадҳои илми донишгоҳ аст, ки ҳамасола донишҷӯёни донишгоҳ дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат намуда, сазовори мақомҳои фахрӣ ва соҳиби диплому ҷоизаҳо мегарданд.

НОМГӮИИХТИСОСҲО, ШАКЛ ВА НАРХНОМАИ ТАҲСИЛ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2021-2022

  Ихтисосҳо Таълими рӯзона ройгон ва пулакӣ Таълими фосилавӣ ройгон ва пулакӣ
1 1020505 Информатика 2590 2500
2 1020501 Математика 2590 2100
3 131030302 Математикаи амалӣ 2260 0
4 1020602 Технология (аз рӯи самтҳо) 2300 0
5 102050401 Физика. Математика 2590 2100
6 102050403 Физика. Таълими меҳнат 2260 0
7 131 03 04 08 WEB-дизайн ва графикаи компютерӣ 2635 2500
8 131 03 04 02 Таъмини барномавии низомҳои автоматизатсия 2635 0
9 102060102 Технология (меҳнати техникӣ ва нақшакашӣ) 2300 0
10 125010403 Андоз ва андозбанӣ 4500 0
11 125010803 Баҳисобгирии бухгелтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буљетӣ ва илмӣ 4650 3500
12 1020402 География 2240 0
13 13102010203 Географияи сайёҳӣ ва менељменти сайёҳат 2800 2650
14 102040503 География. Иқтисодиёт 2700 0
15 126010101 Идораи мақомоти маҳаллӣ 4650 0
16 1250103 Иқтисодиёти љаҳонӣ 4650 0
17 1250107 Иқтисодиёт ва идора дар корхона 4500 3500
18 125010402 Кори бонкӣ 4200 0
19 1260203 Маркетинг 4200 3500
20 126020206 Менељменти иљтимоӣ (маориф) 4200 3500
21 1250104 Молия ва қарз 4200 0
22 126 02 02 03 Менељменти инноватсионӣ 4200 3500
23 1890101 Сайёҳӣ ва меҳмондорӣ 2800 0
25 1020302 Забон ва адабиёти рус 2760 2650
26 102030401 Забон ва адабиёти рус. Забон ва адабиёти тољик 2760 0
27 1020301 Забон ва адабиёти тољик 2700 2200
28 1-020303 Забон ва адабиёти тољик. Ихтисоси иловагӣ (Маърифати оиладорӣ) 2700 0
29 102030601 Забони англисӣ. Забони олмонӣ 3560 0
30 1020306 Забони хориљӣ (англисӣ) 3560 0
31 1020307 Забонҳои хориљӣ (забони англисӣ — хитоӣ) 3560 0
32 121050103 Забоншиносӣ ва технологияи нави иттилоотӣ 2400 0
33 1230111 Китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ (аз рӯи самтҳо) 0 2200
34 103 03 05-02 Логопедия. Таҳсилоти ибтидоӣ 2350 0
35 103 03 08-01 Олигофренопедагогика. Таҳсилоти томактабӣ 2350 0
36 1230108 Рӯзноманигорӣ 2700 0
37 103 03 06-01 Сурдопедагогика. Таҳсилоти томактабӣ 2350 0
38 1010201 Таҳсилоти ибтидоӣ 2350 2200
39 1010202 Таҳсилоти ибтидоӣ. Ихтисоси иловагӣ 2350 2200
40 101020203 Таҳсилоти ибтидоӣ. Санъати мусикӣ 2350 0
41 1010102 Таҳсилоти томактабӣ. Ихтисоси иловагӣ 2350 2200
42 1030403 Равоншиносии амалӣ 2350 0
43 101 02 02-02 Таҳсилоти ибтидоӣ.    Санъати тасвирӣ 2350 0
44 1020101 Таърих 2350 2200
45 1020102 Таърих. Ихтисоси иловагӣ (ҳуқуқ) 3400 3100
46 1230101 Муносибатҳои байналмилалӣ 4300 0
47 1-26 01 02 Идораи давлатӣ ва ҳуқуқ 4300 0
48 1-230106-0103 Сиёсат ва идораи давлатӣ 4300 0
49 1-02010205 Таърих. Диншиносӣ 3400 0
50 131010103 Биология (биотехнология) 2800 0
51 1020404 Биология. Экология 2800 2650
52 102040601 Химия. Биология 2350 2350
53 1020406 Химия. Экология 2800 2650
54 1030201 Тарбияи љисмонӣ 2650 2500
55 1030202 Тарбияи љисмонӣ. Омодагии дифои ҳарбӣ 2650 2600
Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.