Маҳмадалӣ Қурбонзода: Донишгоҳи мо –роҳ ба сӯи орзуҳо

Довталабони азиз, шумо воқеан ҳам, ҷавонони саодатманди даврони Истиқлоли давлатӣ буда, имкониятҳои зиёд доред, ки дар бонуфузтарин мактабҳои олии кишвар ва берун аз он таҳсил карда, соҳибкасбу соҳибмаълумот гардед ва ҳамчун мутахассиси варзида Ватани маҳбубамонро дар оянда низ ободтару зеботар гардонда, обрӯю эътиборашро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар бардоред.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумо — ҷавонон, ки неруи пешбарандаи ҷомеа ҳастед, эътимоди комил доранд. Чунин суханони Роҳбари давлат: “Ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, неруи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонад”, далели таваҷҷуҳи хосса ва ѓамхорї нисбат ба шумо ҷавонони кишвар аст. 

Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Довталабони гиромӣ, имрӯз ҳар яки шумо дар андешаи интихоби касб ва интихоби мактаби олӣ ҳастед. Мусаллам аст, ки шумо қабл аз ҳама, донишгоҳ ё донишкадаеро интихоб хоҳед кард, ки ба талаботи давру замон ва стандартҳои байналмилалии таҳсилот ҷавобгӯ бошад.

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ДДТТ), ки 34 сол қабл арзи ҳастӣ карда буд, аз ҳамин гуна мактабҳои олии кишвар маҳсуб ёфта, барои ҷумҳурӣ ва берун аз он дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва гумруку ҳуқуқ мутахассисони баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир тайёр менамояд.

ДДТТ на танҳо дорои шароити хуби таълиму тарбия, заминаи мустаҳками моддӣ-техникӣ, иқтидори кадрӣ, синфхонаю озмоишгоҳҳои бо компютер, тахтаҳои электронӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳазгардонидашуда, балки соҳиби ҷоизаҳои «Сифати аврупоӣ», «Муассисаи беҳтарини Аврупо» буда, соли 2012 дар ҷумҳурӣ нахустин шуда соҳиби шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ гардидааст. Охирҳои соли 2019 бошад, 4 барномаи магистрӣ ва 2 барномаи бакалавриати донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида шуда, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.

Дар раддабандии макотиби олии кишвар, ки Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф муайян кардааст, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мавқеи 4-умро ишғол намудааст, ки ин боиси ифтихор аст.

Довталабони гиромӣ, боварӣ дорам, ки шумо ихтисосҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро интихоб менамоед ва имтиҳонҳои марказонидашударо аз тариқи Маркази миллии тестӣ бомуваффақият супорида, донишҷӯи донишгоҳ мегардед.

Дар ин роҳ ба ҳар кадоми шумо барору комёбӣ орзу дорам.

НАҚШАИ ҚАБУЛИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2021-2022

Рамз Ихтисос Шакли таҳсил Намуди таҳсил Забони таҳсил Нақшаи қабул
1. 1-91010101 Технологияи маҳсулот ва ташкили хӯроки умумӣ рӯзона пулакӣ тоҷикӣ 25
2. 1-910201 Сервиси тарабхона ва меҳмонхонаҳо рӯзона пулакӣ тоҷикӣ 25
3. 1-250103 Иқтисодиёти ҷаҳонӣ рӯзона пулакӣ тоҷикӣ, русӣ 75
4. 1-250103 Иқтисодиёти ҷаҳонӣ рӯзона пулакӣ англисӣ 25
5. 1-250104 Молия ва қарз рӯзона пулакӣ тоҷикӣ, русӣ 75
6. 1-250104 Молия ва қарз рӯзона пулакӣ англисӣ 25
7. 1-25010402 Кори бонкӣ рӯзона пулакӣ тоҷикӣ, русӣ 75
8. 1-25010403 Андоз ва андозбандӣ рӯзона пулакӣ тоҷикӣ, русӣ 75
9. 1-25010404 Суғурта рӯзона пулакӣ тоҷикӣ 25
10. 1-250105 Омор рӯзона пулакӣ тоҷикӣ 25
11. 1-25010705 Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳои савдо рӯзона пулакӣ тоҷикӣ, русӣ 50
12. 1-25010717 Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои сайёҳӣ рӯзона пулакӣ тоҷикӣ 25
13. 1-25010720 Иқтисодиёт ва идора дар корхонаи хизматрасонӣ рӯзона пулакӣ тоҷикӣ 25
14. 1-25010731 Иқтисодиёти бизнеси электронӣ рӯзона пулакӣ тоҷикӣ 25
15. 1-25010732 Иқтисодиёт ва ташкили бизнеси тарабхонаҳо рӯзона пулакӣ тоҷикӣ 25
16. 1-250108 Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит рӯзона пулакӣ тоҷикӣ, русӣ 75
17. 1-250108 Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит рӯзона пулакӣ англисӣ 25
18. 1-25010801 Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо рӯзона пулакӣ тоҷикӣ 50
19. 1-250109 Молшиносӣ ва муоинаи мол рӯзона пулакӣ тоҷикӣ 25
20. 1-25011004 Фаъолияти тиҷоратӣ дар бозори берунӣ рӯзона пулакӣ тоҷикӣ 25
21. 1-250111 Аудит ва ревизия рӯзона пулакӣ тоҷикӣ 50
22. 1-250112 Информатикаи иқтисодӣ рӯзона пулакӣ тоҷикӣ 25
23. 1-26020101 Бизнес-маъмуриятчигӣ дар соҳаи истеҳсолот ва хизмат рӯзона пулакӣ тоҷикӣ 25
24. 1-260202 Менеҷмент рӯзона пулакӣ тоҷикӣ, русӣ 50
25. 1-26020222 Менеҷменти тарабхона ва меҳмонхонаҳо рӯзона пулакӣ тоҷикӣ 25
26. 1-260203 Маркетинг рӯзона пулакӣ тоҷикӣ 50
27. 1-40010202 Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисод) рӯзона пулакӣ тоҷикӣ 25
28. 1-890101 Саёҳат ва меҳмондорӣ рӯзона пулакӣ тоҷикӣ 25
29. 1-960101 Хадамоти гумрукӣ рӯзона пулакӣ тоҷикӣ, русӣ 100
30. 1-96010103 Бехатарии иқтисодӣ рӯзона пулакӣ тоҷикӣ 25
31. 1-23010205 Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (робитаҳои иқтисодии берунӣ) рӯзона пулакӣ тоҷикӣ, русӣ 50
32. 1-23010103 Ташкили робитаҳои байналмилалӣ рӯзона пулакӣ тоҷикӣ 25
33. 1-24010204 Ҳуқуқи андозу бонкӣ рӯзона пулакӣ тоҷикӣ 25
34. 1-24010205 Ҳуқуқи гумрукӣ рӯзона пулакӣ тоҷикӣ 25
35. 1-24010216 Ҳуқуқи иттилоот рӯзона пулакӣ тоҷикӣ 25
36. 1-24010104 Ҳуқуқи байналмилалии тиҷоратӣ рӯзона пулакӣ тоҷикӣ, русӣ 50
37. 1-240103 Ҳуқуқи иқтисодӣ рӯзона пулакӣ тоҷикӣ 50
38. 1-250103 Иқтисодиёти ҷаҳонӣ фосилавӣ пулакӣ русӣ 25
39. 1-250104 Молия ва қарз фосилавӣ пулакӣ тоҷикӣ 25
40. 1-25010402 Кори бонкӣ фосилавӣ пулакӣ тоҷикӣ 25
41. 1-25010403 Андоз ва андозбандӣ фосилавӣ пулакӣ тоҷикӣ 25
42. 1-25010705 Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳои савдо фосилавӣ пулакӣ тоҷикӣ 25
43. 1-250108 Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит фосилавӣ пулакӣ русӣ 25
44. 1-260202 Менеҷмент фосилавӣ пулакӣ тоҷикӣ 25
45. 1-890101 Саёҳат ва меҳмондорӣ фосилавӣ пулакӣ тоҷикӣ 25
46. 1-960101 Хадамоти гумрукӣ фосилавӣ пулакӣ тоҷикӣ 25
47. 1-240103 Ҳуқуқи иқтисодӣ фосилавӣ пулакӣ тоҷикӣ 25
Ҳамагӣ:         1700

Рамзи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №106 мебошад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.