«Дрон»-ҳо ба қайд гирифта мешаванд

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти  Тоҷикистон бо имзои қарори нави  ҳукумат ба Вазорати мудофиа ва Вазорати нақлиёти кишвар 3 моҳ муҳлат дод, ки дар мувофиқа бо мақомоти амният тамоми ҳавопаймоҳои бесарнишини кишварро ба қайд гиранд. 

Тибқи қарори имзонамудаи президент , воридоту содирот, харидуфурӯш ва истифодаи тамоми ҳавопаймоҳои бесарнишин минбаъд дар кишвар танҳо тариқи иҷозатномаи махсус роҳандозӣ хоҳад шуд, ки дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дода мешавад.

Қаблан Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки содироту воридот ва харидуфурӯши беназорати дронҳои наворбардорию ҳавопаймоҳои бесарнишин ба амнияти кишвар хатар дорад. Парлумон барои таъмини бехатарӣ ва назорати беҳтари парвози ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Кодекси фазои ҳавоии кишвар тағйирот ворид намуд.

Мансурҷон Умаров, муовини якуми раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа дар парлумон изҳор дошта буд, ки гуруҳҳои нашъаҷаллоб ва террористӣ метавонанд бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин барои Тоҷикистон хатар эҷод кунанд..  Умаров гуфтааст, ки бархе дронҳо ё квадракоптерҳое ҳастанд, ки метавонанд то 15 кило борро бардоранд ва метавонанд барои интиқоли маводи мухаддиру тарканда истифода шаванд: «Воридоти ҳавопаймоҳое, ки характери гражданӣ доранд, бо мақомоти авиатсияи гражданӣ мувофиқа карда мешавад. Дигарҳояш бо Вазорати мудофиа ҳамоҳанг карда мешавад».

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *