ДССХ: Аз 10 то 20 ҳазор сомонӣ ба номзаду доктор медиҳад
“Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ба ҳар муаллиме, ки номзадӣ ҳимоя мекунад 10 ҳазор сомонӣ ва ҳар номзаже, ки докторияшро ҳимоя мекунад 20 ҳазор сомонӣ медиҳад”,- ин нуктаро имрӯз ректори донишкадаи мазкур дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон гуфт.
Дар нишасти хабарии донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат доир ба дастовардҳову пешравиҳо ва камбудиҳои ҷойдошта миёни навмояндагони ВАО ва маъмурият донишкада саволу ҷавоб доир гардид. Аз ҷумла, дар масъалаи маблағи шартномаи таҳсил ва идрорпулиҳои донишҷӯёну магистрон ректори донишкада чунин гуфта: “Мо бо дили пур метавонем бигӯем, ки аз маблағи таҳсил ягон донишҷӯ қарздор нест ва донишкада дар баробари худ дар бобати идрорпулиҳо аз касе қарздор нест”.
Масъалаи муҳими дигаре, ки дар нишасти мазкур диққати рӯзноманигоронро маъмурияти донишкада ҷалб карданд, ин таъсиси маркази сайёҳӣ дар назди донишкада аст. Масъулини “Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ба фикре ҳастанд, ки дар аудитория наметавон аз донишҷӯ мутахассис томода кард ва ин нуқта боис гаштааст, ки онҳо донишҷӯёни худро ба дарсҳои амалӣ ва корҳои амалӣ зиёдтар ҷалб менамоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ