Ду ҳодисаи кордкашӣ дар як рӯз
Тибқи иттилои бадастомада, шоми 2-юми июл зани 28-солаи сокини ноҳияи Файзобод ба хонаи зани 26-солаи сокини ҳамин ноҳия дохил шуда, бо ӯ ҷангу ҷанҷол мекунад ва марди 59-солаеро, ки хусури соҳибхоназан будааст, бо корд ду маротиба ба қисматҳои дасти чапу миёнаш задааст.
Манбаъ меафзояд, ки ин зан маъшуқаи шавҳари соҳибхоназан будааст.
Инчунин, гуфта мешавад, ки шаби 2-юми июл марди 30-солаи сокини деҳаи Каҷтути ноҳияи Балҷувон бо марди 44-солаи сокини ҳамин ноҳия ҷанҷолу кашмакаш карда, бо корд якчанд маротиба ба бадани ӯ задааст. Ҷабрдида захмӣ шуда, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ