Ду ҷавони Тоҷик кӯдаконро дар Маскав аз сӯхтор наҷот доданд

Ҳангоми сӯхторхомушкунӣ, ки чанде пеш дар шаҳри Маскав рух дод, ду шаҳрванди ҷавони Тоҷикистон Фирдавс ва Далер дар наҷоти мардум иштирок карданд ва кӯдаки хурдсолро аз хонаи оташгирифта наҷот доданд.

Ду шаҳрванди ҷавони Тоҷикистон кӯдаконро аз сӯхторе, ки ахиран дар ғарби шаҳри Маскав рух дод, наҷот доданд, иттилоъ додааст шабакаи Telegram-и ”Москва-24”.

Маълум гардид ин ду ҷавони тоҷик бо номи Далер ва Фирдавс дар ҳамин бинои панҷ ошёна, ки дар кӯчаи Кубинкаи, 4 шаҳри Маскав аст ва дар он ахиран сӯхтор рух додааст, зиндагӣ мекарданд.

“Мо аз кор омадем ва мехостем истироҳат кунем. Ногаҳон ба гуши мо  садои таркиш расид. Фирдавс гуфт биё равем бинем чӣ гап аст, шояд кӯмак лозим бошад”, — гуфт Далер.

TELEGRAM / МОСКВА24Далер и Фирдавс, молодые люди из Таджикистана, спасшие девочку на пожаре в Москве

Ин ду ҷавон тоза аз кор омада буданд ва вақте, ки сӯхтор сар зад, зуд ба кӯмаки мардум рафтанд. Аввал ду ҷавони тоҷик ба зане кӯмак расонданд, ки аз сӯхтор осеб дида, дар назди бино афтида буд. Далеру Фирдавс зуд ин занро ба ҷои амн бурданд ва дар нимкатчаи наздиктарин ӯро хобонданд.

Вақте, ки Далер ва Фирдавс садои наҷотро шуниданд зуд ба тарафи зинапояҳои эҳтиётӣ рафтанд ва як зан аз хонаи ба коми оташ гирифта ба онҳо кӯдаконро супурданд.

“Мо ҳама инсон ҳастем ва ба як дигар бояд кӯмак кунем”, — афзуданд ин ду ҷавони тоҷик.

Онҳо илова карданд, ки дар Тоҷикистон низ борҳо ба чунин ҳолатҳо рӯ ба рӯ шудаанд.

Марде, ки духтарчаашро наҷотот доданд, алакай аз ин ду ҷавони тоҷик изҳори минатдорӣ кард.

“Бояд ингуна шахсон зиёдтар бошанд. Агар онҳо намебуданд, ман намедонам, ки бо ман чӣ мешуд”, — ба ёд меорад сокини ҳамин манзили оташгирифта.

Падари кӯдакон таъкид кард, ки ҳангоми сӯхтор дар тиреза ҷавонеро дидам, ки ба ман гуфт “кӯдакро ба ман бидиҳ”. Вай кӯдакамро ба даст гирифту бо зинапоя ба поин ба ҷои амн расонд.

“Дар фикре будем, ки чӣ тавр писарамро наҷот диҳам, хушбахтона ҳамон лаҳза наҷотдиҳандагони ҳолатҳои фавқулодда низ ба ҷои сӯхтор расиданд. Онҳо зуд боло омаданд ва писарамро аз ҷои сӯхтор берун оварданд. Сипас моро ҳам берун оварданд”, илова кард марди ҷабрдида.

 Ёдрас мешавем, ки сӯхтор дар яке аз биноҳои шаҳри Маскав санаи 26 августи соли равон рух дод. Дар ин сӯхтор, ки дар масофаи 55 метри квадратӣ, сурат гирифт, 16 нафар наҷот ёфтанд.

Гуфта мешавад, ки имкон дорад сӯхтор аз таркиши балони газ рух додааст. Аммо Мосгаз таъкид доштааст, ки таҷҳизоти газӣ сабаби сар задани ин сӯхтор нашудааст.

Бознашр аз «Sputnik Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *