Ду фаҳмиши Ваҳдат аз нигоҳи сиёсатшинос

Ба имзо расидани «Созишномаи умумӣ оид ба истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» дар рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар ҳақиқат оғози як марҳилаи муҳими таърихӣ дар сарнавишти давлату миллати мо буда, рӯзи қабули он ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ ёдоварӣ ва ҷашн гирифта мешавад.

Ин ҷашн на танҳо рӯзи бузургдошти худи он санаи таърихӣ, балки рӯзи бузургдошти худи ин арзиши меҳварӣ, яъне ваҳдати миллӣ мебошад. Ин аст, ки Рӯзи ваҳдат барои мо бояд ҳам рӯзи ҷашну хушиву ёдовариву қадрдонӣ бошад ва ҳам рӯзи андешаву арзёбиву ҳушдору ҳушёрӣ.

Аммо баррасии маҷмуаи дидгоҳҳо дар бораи ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ва сатҳи амалии он нишон медиҳанд, ки ҳоло дар фазои фикриву иттилоотӣ ду фаҳмиши ин мафҳум корбурд дорад ва вазъияти он аз ду назар арзёбӣ мегардад.

Фаҳмиши аввал мафҳуми ваҳдатро дар доираи ҳамон Созишномаи умумии сулҳи соли 1997, яъне тавофуқи тарафҳои ҷанги шаҳрвандӣ фаҳмида, будан ё набудани сулҳу ваҳдатро дар идома доштан ё надоштани ҳамон сиғаи муносибатҳои сиёсию идорӣ медонад. Албатта, дар солҳои аввали баъдиҷангӣ ваҳдат асосан ба ҳамин маъно фаҳмида шуда, маҳз ҳамзистии ҷонибҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки неруҳои бонуфузтарини сиёсию низомии он марҳила буданд, чигунагии вазъияти сиёсию ҷамъиятӣ ва амниятии кишварро дар он давра муайян мекард.

Бинобар ин, дар он марҳила маҳз ба ҳамон маъно фаҳмидани ваҳдати миллӣ дуруст ва воқеъбинона буд, зеро ташаннуҷи муносибати ду ҷониби он ихтилоф метавонист боиси ташаннуҷи вазъияти сиёсию амниятии тамоми кишвар гардад. Аммо имрӯз ба ин маъно фаҳмидани мафҳуми ваҳдат дигар аз бисёр ҷиҳат воқеияти ҷомеаи Тоҷикистонро ифода карда наметавонад.

Фаҳмиши дуввум, яъне фаҳмиши фарогиртари ваҳдати миллӣ ба он маъност, ки дар ин 24 соли пас аз имзо ва татбиқи Созишномаи сулҳи соли 1997 мафҳуми ваҳдат дар Тоҷикистон ба таври бунёдӣ таҳаввул ёфта, акнун на танҳо ба маънои муносибати ду тарафи он санади таърихӣ, балки ба маънои муттаҳидии умумии аксари аҳли ҷомеа дар атрофи арзишҳо, мафҳумҳо ва манфиатҳои умумимиллӣ истифода мешавад.

Зарурати истифодаи чунин фаҳмиши васеъ ва фарогири мафҳуми ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама аз он бармеояд, ки дар тӯли ин 24 сол дар кишвар баъзе таҳаввулоти амиқе ба вуҷуд омаданд, ки дар назар нагирифтани онҳо худфиребии маҳз мебуд.

Аввалан, дар ин марҳила, яъне 24 соли охир, худи таркиби аҳолии кишвар ба таври ҷиддӣ тағйир ёфтааст. Масалан, дар муқоиса бо соли 1997, насле, ки ҳоло 40-сола аст, он вақт ҳамагӣ 16-сола, яъне хонандагони синфҳои 9-10-уми мактаби миёна буданд. Насле, ки имрӯз 30-солаанд, он вақт ҳамагӣ 6-сола, яъне тарбиятгирандагони боғчаҳои кӯдакон буданд. 25-солаҳо ҳамагӣ 1-сола ва 20-солаҳо ҳанӯз умуман ба дунё наомада буданд.

Яъне аҳолии зери 40-солаи кишвар, ки имрӯз беш аз 70% аз шаҳрвандони Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, он вақт на дар ягон тарафи ҷанги шаҳрвандӣ ва на дар ягон ҷониби Созишномаи сулҳи соли 1997 ҳузур ва нисбат надоштанд.

Пас, агар мо имрӯз ҳам ваҳдати миллиро ба маънои тавофуқи ду тарафи ҷанги шаҳрвандӣ ё ҳамзистии ду ҷониби Созишномаи сулҳи соли 1997 фаҳмем, он дигар аксарияти кулли аҳолии кишвар, яъне беш аз 70% аз мардуми Тоҷикистонро фаро намегирад. Он вақт он на ба ваҳдати умумимиллӣ, балки ба як мафҳуми маҳдуди таърихиву ҳошиявӣ табдил меёбад. Дар ҳоле, ки мо маҳз ба ваҳдати фарогир ниёз дорем.

Пас, вақте имрӯз дар Тоҷикистон дар бораи ваҳдати миллӣ сухан меравад, маҳз ҳамин маънои васеъ ва фарогир ва мафҳуми воқеъбинонаи он истифода мегардад ё бояд истифода гардад.

Абдуллоҳи РАҲНАМО

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *