Ду нафари дар садамаи Кӯлоб ҷароҳатбардошта аз беморхона ҷавоб шудаанд (акс + видео)
Дар садамаи шоми 6-уми август дар шаҳри Кӯлоб 10 кас ба ҳалокат расида, 13 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Аз Раёсати тандурустӣ дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфтанд, ки «2 нафар баъди расонидани кумаки аввалияти тиббӣ аз беморхона рухсат дода шудаанд».
Гуфта мешавад, ки дирӯз, 6-уми августи соли 2023 соатҳои 19 ба 20-и шом дар шаҳри Кӯлоб садамаи нақлиётӣ рух дод. Ба иттилои расида, автомашинаи боркаши тамғаи “Дулан” ба садама дучор шудааст, ки дар натиҷа фавт ва осеббардории сокинон ба қайд гирифта шуд.
Як манбаъ аз Раёсати тандурустӣ дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфт: «Аз ҷумла, дар ин ҳодиса 10 нафар фавтида ва 13 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Аз 13 нафар ҷароҳатбардоштагон 2 нафараш баъди расонидани кумаки аввалияи тиббӣ аз беморхона рухсат дода шудаанд».
Идораи рӯзномаи «Тоҷикистон» ва сомонаи Pressa.tj аз ҳодисаи мазкур сахт андуҳгин буда, ба пайвандону наздикони фавтидагон изҳори тасаллият мекунанд.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ