Духтарчаи 8-соларо крокодил дар назди дӯстонаш хӯрд

 Дар Индонезия як тимсоҳи калон ба як духтар ҳамла карда, ӯро дар назди дӯстонаш ки сахт тарсида буданд хӯрд.

Як сокини ҳаштсолаи ҷазираи Буру Индонезия бо дӯстонаш дар дарё нияти шино карданро дошт, ҳангоми оббозӣ корокодил ба духтарча ҳамла овард.

Сучи Рамадҳонӣ бо дӯстонаш дар дарёи ноҳияи Каели шино мекард. Дар ин лаҳза духтарро тимсоҳ мавриди ҳамла қарор дод. Кӯдакон гурехта калонсолонро ба кумак даъват карданд.

Шоҳидони айнӣ тимсоҳро бо найза зада  куштанд. Дар ин лаҳза хазанда духтарчаро дар дандонҳояш нигоҳ медошт. Ҳамзамон, вақте шиками хазандаро шикофтанд, пораҳои ҷасади Рамадҳонӣ дар дарун набуд. Ҷасади ӯро ҳамагӣ ду рӯз пас аз ҳамла пайдо карданд. Сухангӯи хадамоти наҷоти Амбон Корпос Раҳмад Намлеа таъкид кард, ки дарё пур аз тимсоҳҳои печида аст. «Дар тӯли даҳ соли охир, ҳадди аққал ду ҳолати ҳамлаи хазандагон ба одамон рух додааст» гуфт ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Следите за нами в социальных сетях
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Все комментарии

Станьте первым, кто оставит свой комментарий.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *