Духтури қалб: Худро то рӯзи сешанбе эҳтиёт кунед!

Духтур-кардиолог Юлия Маршинцева дар мусоҳиба бо «Москва 24» роҳҳои наҷот аз фишори баланди атмосфераро ошкор кард. Ба гуфтаи вай, дар чунин рӯзҳо истироҳат ва души контрастӣ (душ бо оби сард ва гарм бо навбат)кӯмак хоҳад кард. Ин маслиҳат ба онҳоест.ки якбора вазъи саломатиашон бад мешавад. Коршинос маслиҳат дод, ки аз ҳад зиёд машқ накунед ва ба бадан танаффус диҳед. «Агар шумо, масалан, дар назди компютер кор кунед, метавонед ба  курсӣ такя кунед ва мавқеи нишасти худро нигоҳ дошта, пойҳои худро дароз кунед, то ки онҳо хам нашаванд» — шарҳ дод ӯ. Нӯшидани доруҳои гиёҳӣ низ муфид аст, илова намуд Маршинцева. Баргҳои дарахти ғор (лавровий лист) -ро ҷои чой  нӯшидан лозим аст,ки ин  барои ба ҳолати муқаррарӣ овардани фишор мусоидат мекунанд.

Аз  маркази ҳавошиносии «Фобос» хабар доданд, ки дар панҷ рӯзи оянда, бинобар сатҳи рекордии фишори баланди атмосфера, сокинони замин мушкилиро дар вазъи саломатии худ эҳсос мекунанд. Фишор то рӯзи  сешанбеи ҳафтаи оянда ба ҳадди ҳадди баланди  худ мерасад — он 768 миллиметри сутунчаи  симоб хоҳад буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *