Душанбе аз Чехия ҳавопаймо мехарад? (аудио)
Дар шаҳри Душанбе ҳолати техникии ҳавопаймоҳои хурдҳаҷми истеҳсоли Чехия рӯнамоӣ шуд.
Маросими рӯнамоии ҳавопаймоҳои ҳаҷмаш хурди L410 UPV ва L410NG зимни вохӯрии вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ноиби президенти ширкати «Омнипол»-и Чехия Джозеф Пига баргузор гардид. Намояндагони ширкати «Омнипол» иброз доштаанд, ки ин ҳавопаймоҳо аз ҷиҳати бехатарӣ дар сатҳи баланд қарор доранд ва барои мусофиркашониву интиқоли бор дар қаламрави Тоҷикистон мусоид мебошанд.
Муовини директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон Азиз Набизода омодагии агентиро барои идомаи гуфтушунид ва ҳамкории минбаъда бо ин ширкат иброз намудааст. Асосан доираи фаъолияти ширкати «Омнипол» дастрас намудани таҷҳизоти авиатсонӣ ва ҳавопаймоҳои хурдҳаҷми L410 UPV ва L410NG барои парвозҳои маҳаллӣ мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ