Парвиз Мушарраф

Душмани тоҷикон ва дар орзуи барқи Тоҷикистон. Парвиз Мушарраф даргузашт

Парвиз Мушарраф, генерали бознишаста ва раисҷумҳури собиқи Покистон даргузашт. Ӯ 80 сол дошт ва аз заъфи масунияти бадан ранҷ мекашид.

Оқои Мушарраф тайи як табаддулоти бе хунрезӣ дар соли 1999 ба қудрат расид ва султаи артишро бар кишвараш чира кард.

Мушарраф, зодаи Деҳлӣ дар соли 1943, баъди пора шудани Ҳинди бритонёӣ ба Ҳиндустону Покистон, ба шаҳри Карочии Покистон ҳиҷрат кард ва сахтиҳову талхиҳоеро аз сар гузаронд.

Аз пиллаҳои хидмати низомӣ хуб боло рафт ва дар рӯёрӯиҳо бо Ҳинд хуб дурахшид ва гуфта мешавад, воқеаи маъруф ба “Каргил”-ро ӯ муҳандисӣ карда.

Муддате дар Туркия зисту аз андешаву дидгоҳҳои Мустафо Камол Отатурк сахт мутаасcир шуд ва замони ба қудрат расидан, талош кард, то таҷрибаи ӯро дар кишвари динбунёди худ такрор кунад.

Мушарраф нахустин сиёсатгари покистонӣ дар таърих буд, ки барои аввалин бор шиори “Пеш аз ҳама Покистон”-ро сар доду бо мухолифатҳои шадиди мазҳабиён рӯ ба рӯ шуд. Аз тарафи дигар, дар биниши динии кишвару мардумаш ҳам хост тағйире эҷод кунад. Ба бовари ӯ, Ислом дар Покистон ниёз ба рӯшангарии мудерн дошт. Аз инҷо буд, ки сиёсати “Enlightened Moderation”-ро муаррифӣ кард, аммо натиҷааш баръакс шуд.

Дар сиёсати хориҷии кишвараш дар Афғонистон бо картаи миллиятӣ бозӣ кард.

Аз тоҷикони Афғонистон дилхӯрагӣ дошт ва хашми куҳнаи кохнишинони Исломбодро дар қиболи тоҷикони Афғонистон, ки муқовиматашон нагузошт Покистон Афғонистонро аз худ кунад, пинҳон намекард. Муносиботи Аҳмадшоҳ Масъуд бо Ҳинд — рақиби дерина ва ҳамсояи нохуби Покистон — бар оташи хашми ҷанролони покистонӣ равған мерехт. Вақти аз тоҷикони Афғонистон сухан заданаш онҳоро як ақаллияти ками беарзиш мехонд ва ҳатто аз бурдани вожаи тоҷик бар забон зиёд роҳат набуд. Тоҷикони Афғонистонро панҷшерӣ мехонд ва мегуфт онҳо 5 — 10 дарсади ҷамъияти Афғонистонро ташкил медиҳанд.

Дар даврони қудрат дар даст доштанаш аз Тоҷикистон ҳам дидан кард ва бо иқтидори энергетикӣ ва тарҳи “Роғун” ошно шуд. Ӯ дар корзори интихоботияш барои раёсати ҷумҳурӣ дар баробари мардумони камбизоату нодори минтақаҳои шимоли Покистон суханронӣ мекарду онҳоро ваъда медод, ки барояшон аз Тоҷикистон барқ меёрад ва ба ақибмондагиву фақрашон хотима медиҳад. Ӯ ба сароҳат мегуфт “дар Тоҷикистон барқ хеле зиёд аст”.

Мушарраф дар 2001 ба пурсиши Ҷорҷ Буши хурдӣ, ки “бо моӣ ё алайҳи мо”, посухи мусбат доду ба расмият шинохтани Толибон дар Афғонистонро лағв кард ва сафири Толибон Мулло Абдуссалом Заъифро дудаста ба Амрикоиҳо пешкаш кард.

Сипас, бо фирориёни гуруҳҳои тундрави мазҳабӣ ба Покистон, тиҷорати бузургеро бо ИМА пеш бурд. Ашхосу афроди маъруфи Толибону ал-Қоидаро дастгир мекарду дар баробари дарёфти инъомҳои калон ба ИМА месупорид. Неруҳои демократӣ ва мазҳабӣ талошҳои зиёде барои барандозии ӯ мекарданд. Дар замони ҳукмронии ӯ буд, ки Беназир Буту маъруф ба “духтари шарқ” ба қатл расид.

Дар 2008 оқои Мушарраф аз қудрат канор зада шуду аз ватанаш фирорӣ шуд. Китоби машҳуреро ҳам бо унвони “ Дар ҷабҳаи оташ” ба дасти чоп супориду солҳо дар конфронсу нишастҳои гуногун дар кишварҳои мухатлиф аз таҷрибаи ҳукуматдорияш сухан кард.

Даврони пирияшро Парвиз Мушарраф дар диёри ғурбат сипарӣ карду аз ранҷу дарду беморӣ мисли як амири беватан, дар Дубай даргузашт.

Саъдӣ ВОРИСОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *