Дузд даҳони ҷабрдидаро бастанӣ шуд.
Ба ШВКД дар ноҳияи Нуробод зани 49-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намуд, бо роҳи таҳдид шахси номаълум аз ў маблағ ва ангуштаринашро гирифтааст.
Шахси номаълум ба тариқи телефони мобилӣ ба ӯ занг зада, бо роҳи таҳдиди фош кардани маълумотҳои беобрӯкунанда аз номбурда 760-сомонӣ ва 1-адад ангуштарини тиллоӣ, ки арзишаш 360-сомониро ташкил медиҳад, гирифтааст.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи Нуробод бо гумони даст доштан дар ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ