Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Қазоқистон ба ҳамсоягон кӯмаки башардӯстона мерасонад

Кӯмакҳои башардӯстона – як таҷрибаи байналмилалии қабулшудаи ҷаҳонии расонидани кӯмаки байниҳамдигарии аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Имрӯз дар шароити бемории ҳамагири ҷаҳонии CОVID-19 бисёр кишварҳо бо мақсади афзоиши имконот дар мубориза бо ин хатари муосир намудҳои гуногуни кӯмакро пешниҳод мекунанд.  Қазоқистон низ дар он фаъолона ширкат меварзад.

Бо мақсади расонидани дастгирии иқтисодӣ ба ҳамсоягон дар давраи муқовимат ба бемории ҳамагир, Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев тасмим гирифт, ки ба Қирғизистон ва Тоҷикистон дар шакли интиқоли орди Қазоқистон ба миқдори 5 ҳазор тонна ба ҳар як кишвар, ба маблағи умумии зиёда аз 3 миллион доллари ИМА кӯмак расонад.

Ин тасмим дар пайи муроҷиатҳои расмии ҷониби Қирғизистон ва Тоҷикистон бо мақсади таъмини мунтазами аҳолӣ бо озуқаворӣ гирифта шудааст.

Дар ҷараёни гуфтугӯи телефонӣ бо Президенти Қазоқистон Қ.Тоқаев Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии мардуми тоҷик дар ин замони барои ҳамагон душвор ва пешниҳоди кӯмаки башардӯстона арзи сипос кард. Ӯ ҳамчунин барои мусоидат дар таҳлияи шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан ва интиқоли молу коло тавассути қаламрави Қазоқистон изҳори миннатдорӣ намуд.

Инчунин зимни суҳбати телефонии Вазирони корҳои хориҷии Қазоқистон Мухтар Тлеубердӣ ва Қирғизистон Чингиз Айдарбеков ҷониби Қирғизистон ба Қазоқистон барои тасмими пешниҳоди кӯмаки башардӯстона самимона сипосгузорӣ кард.

Дар рӯзҳои наздик ин молҳо ба макони таъиноти худ дар Қирғизистон ва Тоҷикистон мерасанд.

Қазоқистон ҳамчун узви масъули ҷомеаи байналмиллалӣ дар шароити бемории ҳамагири коронавируси ҷаҳонӣ дар канор наистода, расонидани кӯмаки заруриро ба кишварҳои шарик идома медиҳад. Дар моҳи феврали соли ҷорӣ Қазоқистон яке аз аввалинҳо шуда, ба Чин дар авҷи сирояти CОVID-19 якчанд маротиба кӯмаки шарикона пешниҳод карда, воситаҳои тиббии муҳофизатӣ таҳвил дод.

Дар маҷмуъ, расонидани кӯмаки башардӯстона яке аз самтҳои муҳими сиёсати берунии Қазоқистон мебошад. Дар солҳои сипаришуда Қазоқистон ба Антигуа, Барбуда, Афғонистон, Бангладеш, Қирғизистон, Молдова, Муғулистон, Мянма, Покистон, Сербия, Сурия, Туркия, Ҷопон ва ғ. кӯмакҳои гуногун ирсол кардааст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.