Ҳоҷимуҳаммад Умаров донишманди соҳаи иқтисод 75 — сола шуданд

Имрӯз, 26 октябр Ҳоҷимуҳаммад Умаров, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор ва яке аз донишмандони риштаи иқтисоди кишвар ба синни мубораки 75 расиданд.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров ҳамчун таҳлилгари масоили иқтисод борҳо дар суҳбат бо ҳафтаномаи “Тоҷикикистон” вазъи иқтисодиёт, иҷтимоиёт, омилҳои қатъи фаъолияти соҳибкорон, раҳоӣ аз камбизотӣ, иқтисоди пинҳонӣ дар Тоҷикистонро шарҳ додаанд. Айни замон Ҳоҷимуҳаммад Умаров ба ҳайси профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият доранд.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров соли 1967 факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро хатм намуда, муддате дар кафедраи иқтисоди сиёсӣ чун ассистент кор кардаанд. Солҳои 1968-1969 котиби комитети комсомолии шаҳри Душанбе, 1970-1971 ходими хурди илмӣ, 1971-1974 аспирант, 1975-1976 ходими калони илмӣ, 1976-1977 мудири сектор, 1977-1992 мудири шуъбаи Институти иқтисоди Академияи илмҳои Тоҷикистон буданд. Ҳамзамон солҳои 1977-1993 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз иқтисоди сиёсӣ дарс додаанд. Солҳои 2001-2009 мудири шуъбаи Институти таҳқиқоти иқтисодии назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд.

Муаллифи зиёда аз 250 таълифот мебошанд, ки масъалаҳои мухталифи иқтисодиёти Тоҷикистонро фаро гирифтаанд. Таҳлилҳои амиқ, хулосабарориҳои коршиносонаашон перомуни вазъи кунунии иқтисодии Тоҷикистону минтақа, тавсияҳояшон бобати роҳҳои раҳоӣ аз мушкилоти мавҷудаи иқтисодӣ пайваста мавриди таваҷҷӯҳи иқтисоддонҳо, ҷомеашиносон, сиёсатмадорон қарор мегиранд.

Устод Умаров соли равон дар мусоҳиба бо “Тоҷикистон” камбизоатӣ ва меъёри онро дар Тоҷикистон чунин шарҳ дода буданд: “Камбизоатӣ бояд тамоман набошад. Меъёр 0 фоиз аст.Камбизоатӣ ин як шармандагист. Шумо як маротиба ба рустоҳои атрофи Душанбе равед, мебинед, ки онҳо чӣ мехӯранд, чӣ мепӯшанд, дар куҷо кор мекунанд, ё кор намекунанд, барои чӣ кор намекунанд, таркиби истеъмоли онҳо чӣ гуна аст, он гоҳ худ қазоват хоҳед кард. Инчунин, ба деҳаҳои дурдасти кишвар ҳам равед, шоҳид мешавед, ки мардум чӣ тарз умр мегузаронанд. Дар Тоҷикистон то ҳол оилаҳое ҳастанд, ки гӯштро дар зиёфату тӯйҳо мебинанд. Дар хонаашон гӯшт намехӯранд, зеро даромади хеле паст мегиранд”.

Аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj устод Ҳоҷимуҳаммад Умаровро ба муносибати мавлудашон табрик намуда, барояшон саломатии бардавом ва ба тарбияи шогирдони болаёқати донишманд дар риштаи иқтисод барор хоҳонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *