Ҳоким Холиқзода: Аз фаъолияти бонкҳои исломӣ қаноатманд нестам

Имрӯз, 22 июл зимни нишасти матбуотӣ Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар қатори 14  бонки анъанавӣ, 17  ташкилоти амонатии қарзии хурд, 4  ташкилоти қарзии хурд, 27 фонди қарзии хурд 1  бонки исломиро ном гирифт.

Бонкдории исломӣ – ин фаъолияти миёнаравии молиявии ба меъёрҳои шариатӣ асосёфта мебошанд. Ин як навъ фаъолияти тиҷоратӣ-молиявиест, ки дар кори он истифодаи консепсияи “фоизи қарз” инкор карда шуда, консепсияи “фоида” эътироф карда мешавад.

«Соли 2012 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда буд ва баъдан Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкдори исломӣ». Аммо дар ин миён як қатор монеаҳо ҷой доштанд, ки барои рушди низоми бонкдории исломӣ садди роҳ мешуданд. Дар лоҳиҳаи нави Кодеки андоз, ки аз 1 январи соли 2021 мавриди баррасӣ қарор дода шудааст, ҳама намудҳои  қарзидиҳӣ дарҷ гардидаанд, ки метавонад он монеаҳоро бартараф сохта, барои рушди низоми бонкдории исломӣ мусоидат намояд»,-иброз дошт раиси Бонки миллӣ.

Ҳоким Холиқзода мегӯяд, ки имрӯз ҳамчун раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз фаъолияти бонкҳои исломӣ қаноатманд буда наметавонад. Чунки имрӯз дороиҳои онҳо 200 миллионро ташкил медиҳад, вале қарзҳои нишондодашуда ҳамагӣ 18 миллион сомонӣ аст. Ин маблағи хеле ночиз мебошад.

«Тамоме маҳсулоти қарздиҳи бонкҳои исломи мушаххасан дар Кодекси нави андоз нишон дода шудааст ва дар мавриди қабул шудани Кодексии нави андоз боварӣ дорам, он пурра барои рушди бонизоми бонкҳои исломӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунанд»,-гуфт Холиқзода.

Раиси Бонки миллӣ илова кард, ки то ба имрӯз сабаби руш накардани  бонкҳои исломӣ дар кишвар, пеш аз ҳама дар он аст,  ки сармоягузорони мустақим нестанд. Яъне, ин  низоми бонкӣ  кам аст. Дар сурати ҳал шудани ин мушкилот боварӣ дорам, ки низоми фаъолияти бонкдории исломӣ рушд мекунад ва бисёр аз норасоиҳо роҳи ислоҳи худро меёбанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *