Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳуҷуми малахҳо ба Хатлон: Амнияти озуқаворӣ зери хатар?

«Бало бало меорад», — мегӯяд, халқ. Ҳақиқати ин гуфта имрӯз инъикосгари вазъи деҳқонони вилояти Хатлон аст. Зеро хатари коронавирус нагузашта, селаи азими малахҳо садҳо гектар зироаташонро нобуд мекунад.

Ҳукумат ба мо кумак кунад

Минтақаи асосии осебдида аз малах ноҳияи Вахш аст, ки бештари маҳсулоти кишоварзӣ маҳз аз ин ҷо ба шаҳру навоҳӣ мерасад. Вале имсол зиёда аз 100 гектар зироати деҳқононро дар ин минтақа аллакай малах нобуд кардааст.

Саидҷаъфар Аюбов, сокини ҷамоати деҳоти “20-солагии Истиқлол” дар ноҳия нуҳ гектар замин зироатҳои гуногун дорад. Аз навниҳолҳое, ки бомашаққат парвариш кард, ҳоло навдаҳои тақрибан бебарг мондаанд.  

Деҳқон аз он ҳарос дорад, ки малах токзорашро ҳам нобуд мекунад ва ӯ наметавонад ҳосил бигирад. Номбурда мегӯяд, ки ҳарчанд талош мекунанд, вале наметавонад ба танҳоӣ бо малах мубориза кунад.

“Ба роҳбарият муроҷиат кардам, гуфтанд, омада мебинем, вале чизе нашуд. Малах боз ба заминҳои дигар мегузарад. Чаҳор рӯз дору мезанем, вале ҳеҷ нест карда намешавад. Дору низ қимат аст, вале фоида намекунад. Намедонем, ки чӣ кор кунем, хоҳиш дорам, кумак кунанд”, — мегӯяд ӯ ба мазрааи харобаш нигариста.

Мақомот: Пирӯзӣ ба малах наздик аст

Солҳои қабл дар Тоҷикистон бо кумаки муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид ҳазорон гектар заминҳоеро, ки малах тухм мегузошт, бо дорупошӣ пок мекарданд, то ҳашароти зиёновар дар баҳору тобистон зироати мардумро аз байн набарад, вале зоҳиран ин чораҳои пешгирӣ солҳои охир камтар шудааст.

Аҳмадҷон Муминҷонов, муовини директори экспедитсияи мубориза бо малах дар назди Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар суҳбат бо pressa.tj гуфт, ки аллакай вазорат дастбакор аст ва чораҳои мубориза бо малах андешида шудааст. 

“Дар маҳали сайри малахҳо аллакай комиссия дар ҳайати ҷонишини вазири кишоварзӣ, мутахассисон, роҳбарони ҷамоатҳои ноҳияи Вахш, агрономҳо ва коргарон фаъолият доранд. Мо техникаи зарурӣ, заҳрхимикатҳо ва дигар лавозимоти мубориза бо малахро дорем ва умед дорам, дар рӯзҳои наздик ба селаи малахҳо пирӯз хоҳем шуд”, — гуфт Аҳмадҷон Муминҷонов зимни суҳбат мо.

Ба гуфти номбурда, ҳамарӯза барои мубориза бо малах 120 тонна заҳрхимикат равона мешавад ва онҳо шурӯъ аз санаи 1 июн онро ду баробар зиёд мекунанд, то зудтар малахҳоро нобуд созанд.

Дастури Президент

Вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои асосии соҳаи кишоварзии Тоҷикистон аст, ки дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми калон дорад, вале имсол зиёда аз сад гектар замини кишт дар ин минтақа мавриди ҳамлаи малахҳои марокашӣ қарор гирифтанд.

Аксари деҳқонон дар вилояти Хатлон барои пешбурди кори хоҷагии деҳқониашон аз бонкҳои кишвар қарз мегиранд ва бо ғунучини ҳосил қарзашонро бармегардонанд, вале имсол лашкари азими малахҳо ин имконро барояшон намедиҳад ва онҳо намедонанд, ки чӣ тавр қарзро бармегардонанд.

Ҳамлаи малах ба киштзорҳои мардум замоне, ки пандемияи коронавируси нав ба иқтисоди Тоҷикистон асари бисёр манфӣ гузоштааст ва Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳам дастур додааст, “то ҳар порчаи заминро босамар истифода баранд”, ки амнияти озуқаворӣ дар кишвар ба хатар рӯ ба рӯ нашавад.

Нелли Дейнарович

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.