Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳушдори Субҳонзода ба ширкатҳои «СомонЭйр» ва «Ютэйр»

Агентии авиатсияи гражданӣ ширкатҳои ҳавопаймоии «СомонЭйр» ва «UTair»-ро ҳушдор дод, ки нархи чиптаро беасос боло набаранд.

Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз болоравии нархи беасоси чиптаи ҳавопаймоҳо дар хатсайри Душанбе-Москва-Душанбе ҷилавгирӣ намуда, дар ин самт дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марбута назорати қатъӣ ба роҳ мемонад. Ин нуктаро Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон имрӯз, 5-уми апрел зимни як ҷаласа гуфт.

Дар ин нишаст  намояндагони Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», намояндагии ширкати ҳавопаймоии Федератсия Россия дар Тоҷикистон «UTair» иштирок доштанд.

Икром Субҳонзода  аз роҳбарону намояндагони ширкатҳо ва нуқтаҳои фурӯши чиптаи ҳавопаймо дархост кард, ки чиптаҳоро аз нархҳои муайянкардашуда гаронтар нафурӯшанд. Тибқи протоколи ҷаласа аз 26 марти соли равон ва дар мувофиқа бо ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва «UTair» нархи рафтуомади чиптаи ҳавопаймо дар масири   Душанбе-Москва-Душанбе то 500 доллар муқаррар гардида буд. Ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва «UTair»  нархи чиптаи ҳавопаймоиро бо назардошти талабот дар хатсайри Душанбе-Москва на зиёда аз 350 доллар ва дар хатсайри Москва-Душанбе 150 доллар муқаррар намуданд.

Мутаассифона, аз хабарҳои дар сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда маълум гардид, ки муқаррароти протоколи болозикр аз ҷониби ширкатҳои «Сомон Эйр» ва «UTair»  ва агентиҳои чиптафурӯшӣ риоя нагардида истодаанд. Аз ин рӯ, дар ҷаласаи фаврӣ аз ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва намояндагии ширкати ҳавопаймоии Федератсияи Россия дар кишварамон «UTair» қатъиян ва ҷиддӣ талаб карда шуд, ки  бо агентиҳои чиптафурӯшӣ ҷаласа баргузор намуда, фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ бо нархи мувофиқашудаи муқарраргардида амалӣ карда шуда, ба болоравии беасоси нархи чиптаи ҳавопаймо роҳ надиҳанд ва нархи чиптаро дар доираи арзиши аслӣ танзим намоянд.

Дар сурати риоя нагардидани талаботи муқарраргардида барои андешидани тадбирҳои қатъӣ аз ҷониби Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба сохторҳои марбута дархост ирсол карда мешавад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.