Амирзода Ваҳдатро ба шаҳри саноатӣ табдил медиҳад

Дар шаҳри Ваҳдат 5 корхонаи истеҳсоли маҳсулот ба истифода дода шудааст. Дар ин бора имрӯз, 12-уми феврал  Раҳмоналӣ Амирзода, раиси шаҳри Ваҳдат зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони васоити ахбори омма иттилоъ дод ва таъкид дошт, ки корхонаҳои мазкур соли 2020 мавриди истифода қарор гирифтанд.

Амирзода афзуд, ки соли гузашта бисёр вазнин омад, зеро давраи пандемияи коронавирус ва шикасти иқтисодиёт буд, вале бо вуҷуди ин 2 корхонаи аз фаъолият бозмонда, дар соли 2020 аз нав ба кор даромаданд.

“Мо ният дорем, ки дар соли 2021 4 корхонаи саноатии пуриқтидорро бунёд намуда, аҳолии шаҳрро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намоем. Ин ҳам ба сокинони шаҳри Ваҳдат хуб аст ва ҳам барои пешрафти шаҳрамон”, — гуфт Раҳмоналӣ Амирзода, раиси шаҳри Ваҳдат.

Мавриди зикр аст, ки ҳоло дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат 68 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад. Дар ин корхонаҳо беш аз 14 000 нафар кор мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *