Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Анварӣ аз зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ хабар дод

Нигина Анварӣ, муовини вазири кишоварзӣ дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар муқоиса ба шаш моҳи соли гузашта 8,2 фоиз зиёд шуд.

Ба гуфтаи Нигина Анварӣ, дар кишвар то имрӯз 123 ҳазору 515 тонна мева ва 2148 тонна ангур истеҳсол гардидааст.

Инчунин, дар нишасти вазорати кишоварзӣ иттилоъ  дода шуд, ки дар асоси Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 дар ҷумҳурӣ бояд 20 ҳазору 153 гектар, аз ҷумла 502 гектар боғҳои интенсивӣ  бунёд карда шаванд. Ҳоло дар Тоҷикистон  70,8 фоиз  боғҳои интенсивӣ ва 92,3 фоиз боғу токзорҳои куҳна бунёд ва барқарор карда шудааст.

Инчунин, аз рӯи  маълумоти вазорати кишоварзӣ имсол  истеҳсоли ангур назар ба соли қаблӣ зиёд гардид. Зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли меваю ангур ба афзун гаштани иқтидори корхонаҳои коркарду истеҳсол, аз ҷумла шарбату консервабарорӣ ва ривоҷ додани содирот мусоидат мекунад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.