Аз гуфтушуниди Азим Иброҳим бо ҳамтои қирғизаш натиҷа ҳосил нашуд

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизаш Гулмира Абдралиева дар Душанбе масъалаи банд мондани мошинҳои боркашро матраҳ кардаанд. Аз ин гуфтушуниди ҷонибҳо ду ҳафта гузашт, аммо то ҳол натиҷа ҳосил нашудааст.

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти кишвар зимни нишасти матбуотӣ имрӯз, 14-уми июл гуфт, ки зимни  сафари Президенти  Қирғизистон ба Душанбе, бо вазири нақлиёти ин кишвар Гулмира  Абдралиева масъалаи мошинҳои дармондаи Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд. “Вазири нақлиёти Қирғизистон ваъда дод, ки масъаларо пайгирӣ мекунанд. Лекин, мутаассифона, то ҳол натиҷа нест. Дар инҷо паҳлуҳои дигари масъаларо дидан даркор аст. Гузоштани монеа дар роҳи мошинҳои боркаш ба зарари иқтисоди Қирғизистон аст. Зеро  аз 60 мошин танҳо 3 ронанда аз Тоҷикистон буда, ронандагони боқимонда шаҳрвандони Қирғизистон мебошанд”,-таъкид дошт Азим Иброҳим.

Мошинҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба боркашонии байналмилалӣ аз Русия машғуланд, моҳи дувум аст дар минтақаи Бодканд ва Ӯши Қирғизистон банд мондаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *