Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Барномаи нави Шералӣ Кабир. Аз бунёди корхонаҳои нав то ҷойҳои нави корӣ

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави  Тоҷикистон аз фаъолияти корхонаҳои  «Сомон гуруҳ», «Нассоҷи Хуҷанд», «Суғдиён», «Ҷавонӣ», «Садаф» шинос шуд. Ин корхонаҳои муваффақи саноатӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷойгиранд.

“Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Кабир Шералӣ таъкид намуд, ки Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Барномаи саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ ва якчанд барномаҳои рушди соҳаҳои мухталифи саноат, аз ҷумла рушди металлургияи ранга ва сиёҳ, саноати хӯрокворӣ, соҳаи мошинсозӣ, саноати сабук, соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилларо то давраи соли 2025 таҳия намудааст, ки айни замон мавриди амал қарор доранд. Ин барномаҳо барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва коҳиш додани шиддати омилҳои берунӣ ба иқтисодиёт равона гардидаанд”,- иттилоъ медиҳад сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд Маъмури Юсуфзуд.

 Шералӣ Кабир гуфтааст, ки дар ин самт бояд саноатчиёни шаҳри Хуҷанд иқдом намуда, барои рушди соҳа ҳиссагузорӣ намоянд.

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ҳам иттилоъ медиҳад, ки  пешниҳоди барномаҳои мазкур фароҳам овардани замина барои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, таҳияи омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби сармоягузориҳо, бунёди корхонаҳои нав, ташкили кластерҳои саноатӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нав, ташкили сарчашмаҳои нави андозбандӣ, муҳайё намудани ҷойҳои кории нав, тақвияти истеҳсолоти маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунандаю ба содирот нигаронидашуда ва зиёд намудани ҳаҷми содирот мебошад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.