чаро баъд аз гӯшту равған сабзӣ “болонишин” шуд?

…Рамазон аз нисф убур кард, дар мобайни фасли баҳор тобистон фаро расид, нархи  сабзӣ ба картошка баробар шуд, яъне панҷ сомонӣ, равған гуноҳро ба гардани истеҳсолкунанда  бор карда, ба навиштаи болои як бутали он  “Золотой хлопок”  шуд,  гӯшт дар моҳи “истиғфори гуноҳҳо”  бо нархи наздик ба  70 сомонигии худ боз чандин қассоби бегуноҳро гунаҳгор кард (чаро қассобон гуноҳ надоранд, дар поёнтар хоҳем гуфт).

  Дар байни ин хабарҳо ягона хабаре, ки каме касро хушҳол мегардонад, ин хабари  аз нисф гузаштани моҳи Рамазон аст. Наъузамбиллоҳ! Гумон накунед, ки банда аз ҷумлаи онҳоеам, ки ин моҳи муборакро бад мебинам ва аз рафтанаш хурсандам. Не, танҳо мехоҳам,ки бо рафтани худ Рамазон нархҳои “ рамазониро”аз бозорҳои мо барад. Аммо ин кор ба андешаи таҳлилгарон дар гумон аст. Зеро зиёд намудану арзон кардани чизе, ки нест, имкон надорад. Масалан гӯшт. Тавре ки  Агентии омор маълумот додааст,   Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 2 миллиону 404,1 ҳазор моли калони шохдор ва 6 миллиону 020,3 ҳазор гӯсфанду буз дорад. Агар танҳо моли калони шохдорро сари аҳолии кишвар (9 миллиону 504 ҳазор нафар) тақсим кунем, ба ҳар кас 0,25-сарӣ мерасад. Ӯзбекистон, кишваре, ки ҳам аз лиҳози хошок ва ҳам даштҳои васеву чарогоҳҳо аз имкониятҳои қобили мулоҳиза бархӯрдор аст, тибқи омори расмӣ, 12 миллиону 611,8 ҳазор сар гову гӯсола дорад, ки ба ҳар сокинаш (33,58 миллион (2019) нафар) 0, 37-сарӣ рост меояд. Омори дигар кишварҳоро  вобаста ба ин мавзӯъ таҳлилгари тоҷик  Амир Исоев меорад: “Қирғизистон 1 миллиону 715 ҳазору 776 моли калони шохдор ва 6 миллиону 457 ҳазор (2019) аҳолӣ дорад. Ба як нафар 0,26 сар. Ё дар Қазоқистон, ки даштҳои васеъ ва шароити хуби чорводорӣ дорад, тибқи омори расмӣ, 7 миллиону 436,4 ҳазор моли калони шохдор сабт шудааст ва 0,40-сарӣ ба ҳар як нафар (аҳолиаш 18,51 миллион (2019) рост меояд”. Яъне, шумора ва “вазъи демографии чорво” дар кишвари мо ва   дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ қариб, ки як хел аст. Агар сари нархи гӯшт дар ин шабу рӯз байни ин кишварҳо баҳс кунем, маълум мешавад, ки дар Тошканд ҳатто он баландтар аз Душанбе аст (ба ҳисоби миёна 70 сомонӣ). Мо журналистон баъзан  гуноҳро дар ҷое меҷӯем, ки мехоҳем он ҷо бошад..аммо дар асл ин тавр нест. Пас аз чӣ бояд нолем ва аниқтараш, чиро бояд ислоҳ намоем? Ба андешаи аксари таҳлилгарон барои он, ки вазъ тағйир ёбад, бояд асоси ё пояи истеҳсоли ин неъматҳоро дигар кард. Тухм қиммат шуд, мутахассисони Вазорат хоҷагии қишлоқ (чунин Вазорат низ дар рӯихати Ҳукумат ҳаст вале нақшашро то ҳол ба ҷуз оморҷамъкуниҳои бепоя (ба мисли  истеҳсоли 1 миллион тонна картошкаи “ҳавоӣ”  дар дигар чизе сокинон надидаанд), бояд таҳлил кунанд. Гушт қиммат шуд, чаро? Картошка панҷ сомонӣ, аз куҷо? Сабзие,ки ҳоло бо нархи рекордии худ ошхуронро ба ҳайрат овардааст, бо кадом сабаб ба чунин  “шараф “ноил гардидааст? Ва боз чандин чуну чарое,ки бояд ин вазорате, ки  як вақтҳо таъсиргузори иқтисоди Тоҷикистон буд, ҷавоб гӯяд.

Чаро маҳз ин вазорат? Зеро вазифаи  вазорати мазкурро агар аз руи номаш муайян кунем, “хоҷагии қишлоқ аст” ва ҳар чизе, ки гуфта шуд, на дар гулгашти Саъдии Шерозии пойтахт, балки дар деҳот ва ё ба таври дигар  гӯем, дар қишлоқ истеҳсол мешаваду дар шаҳр истеъмол. Аммо дар танҳоӣ не, зеро ин вазорат наметавонад бе роҳнамоии вазорати хориҷа, вазорати рушди иқтисод, вазорати.. кумитаи …, хулоса- Ҳукумат ба чизе дастрасӣ кунад. Яъне “каллаи коллективона” лозим, ки сари ин масъалаҳо “дард кунад” . Яке роҳи арзони дарёфти хӯроки мурғро ба тоҷир мекушояд, дигаре бо Муғулистон (барои мисол) то ба эътидол омадани вазъи бозор барои ворид намудани гушти муғулӣ гапзанон мекунад ва сеюмӣ ва аз ҳама асосӣ кумита ва ё сохторест, ки бояд муайян кунад: ЧАРО ЧОРВОДОРИ ТОҶИК БЕ ЧАРОГОҲ  МОНД? Ҳоло аксари чорводорон шикоят аз он доранд, ки чарогоҳи кӯҳу камар ҳама хусусӣ шудаанд ва нафаре, ки як ё ду гов  ё чанд гусфанду  бузак  дорад,маҷбур аст “гапшунави”  садговдор, (яъне монополист)  шавад. Магар сарватҳои табиии кишвар мувофиқи Конститусия сарвати ҳамаи мардум нест ва чаро ин монополистон ҳақ доранд,ки бо нархҳои рамзӣ чарогоҳҳоро харида гиранду мардуми дигарро аз он маҳрум кунанд? Ҳукумат шояд дар оянда сари ин мавзуи барои мардуми деҳот хеле муҳиму доғ (ба ин почтаи “Тоҷикистон”далолат мекунад)   баргардад, зеро ҳаёт инро тақозо мекунад…

…Замоне картошка дар мағозаҳои Душанбею Хоруғ ва Магадану Сочи як хел буд: 17 копеек! Сабаби  ин  “ҷаннати нарх” дар системаи  “баплангирии сотсиалистӣ” буд ва барои шарҳи чӣ будани он чанд саҳифа бояд навишт ва шояд насли нав ҳатто пас аз навиштану шарҳ додани он ҳам, чизе нафаҳмад. Аммо деҳқонфаҳм карда гӯем, сабаби ба камбудӣ ва тағйири нарх дар давоми сол гирифтор нашудани як кишваре,ки 270 миллион аҳолӣ дошт, ана ҳамин ибораи сеҳрноки “банақшагирӣ” сабаб мешуд. Аммо дигар он замонҳоро об бурд ва бояд ҳар кас  ғами худашро худаш хурад ва бо ибораи дигар “наҷоти ғарқшудаистода дар дасти худи ғарқшаванда аст”.   

Аз гузаштагон худ ибрат гирифта, деҳқони тоҷик  ҳам соли сипаришуда  чунон “тарҳрезӣ кард” ки акнун пиёзи ҳар килограммаш  бо маблағи қариб ба як сомонӣ истеҳсол намуда худро ба партовгоҳҳо пул дода  патофта истодааст (бӯи бади пиёзи пусида ба кӣ мефорад?). Зеро аз сабаби хеле зиёд аз талабот истеҳсол намудани он ва “накашидани”  бозори беруна,  акнун пиёзро ҳатто ба ҳайси хайрия ягон сағирхона намегирад.  Аммо сабзӣ ҳоло болонишин…Биёед ман ҳам як пешгуӣ кунам:бо ҳарчи хоҳед гарав мебандам,ки тобистон, (тақрибан моҳи август) нархи сабзӣ зиёдаш як-якуним сомонӣ мешавад! Зеро ҳамаи онҳое,ки ҳоло халта- халта пиёзро ба ҷариҳои аз чашми одамон дур холӣ карда истодаанд, саросар ба сабзикорӣ мегузаранд. Инро дар  замони мо “иқтисоди бозаргонӣ” мегӯянду насли андаке калонсол бошад,  “иқтисоди бемаромӣ…”Яъне  нақши Вазорати кишоварзӣ дар ба нақшагирии истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ кам аст ва ин бошад, ба зарари ҳам деҳақону ҳам харидор . Агар сохтори мазкур танзими истеҳсолотро ба даст гираду “имсол бояд ин қадар пиёзу ин миқдор картошка ва ин қадар гандум кошта шавад ва ҳамчунин,барои баровардан  ба хориҷа аз кишвар фалон намуд маҳсулот истеҳсол шавад” гӯяду дар ҳолати тағйири вазъ зарари истеҳсолкунандаро ҷуброн кунад, олам картошказору  сабзизор мешавад  ва касе ҳам аз  пиёз безор намешавад. Барои ин интизор шудани супоришро  аз ҷониби Президенти кишвар дар ин маврид шарт нест, зеро он кас гуфтанд: “Нархҳо дар давоми сол 13 фоиз қимат шуданд” Акнун бояд масъулон худашон аз ин хулоса бароранд. “Ба доно як ишора” гуфтаанд…

А.АҲМАДЗОДА, шореҳи “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *