Бонке дар Бишкек ғорат шуд

Мақомоти интизомии шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 26 ноябр хабар доданд, ки бонке дар ин шаҳр ғорат шудааст.

Ба иттилои пешакӣ, ду одами ношинос нисбати муҳофиз зӯроварӣ карда, пулҳоро дуздидаанд. Дар ҳоли ҳозир ҳаҷми маблағи ғоратшуда муайян мегардад.

Пулис номи бонки ғоратшударо ошкор намекунад.

Ин ҳодиса дар Рӯйхати ягонаи ҷиноятҳо ва қонуншиканиҳо бо моддаи «ғоратгарӣ» сабт шудааст. Тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *