Чаро дар Рамазон адлу инсоф аз кишвари мо мегурезад?

Нархи ҷаннат ё ҷаҳаннам

Моҳи шарифи Рамазон ҳам омад. Мардуми мусулмон дар давоми як моҳ бо даҳони бастаю шабҳои камхобӣ, (бо хондани намози таробеҳ, ки камаш як соат идома меёбад ва саҳархӯрӣ) ниёиши Худои Якторо мекунанд. Аммо чӣ сиррест, ки дар кишварҳои мусулмоннишин дар ин моҳи муборак адлу инсоф боло равад, баръакс, он аз сарзамини мо азми сафар мекунад?

Ин асрорро ба ҷуз Худо дигар касе намедонад. Қабл аз ҳама, адлу инсофро Худованд аз бозорҳои мо мебардорад ва тоҷирон чун гургҳои гуруснаи ба туъмаи худ дарафтода, охирин пайсаи мардумро меситонанд. Агар пурсед, қасам мехӯранд, ки молро қимат дастрас кардаанд. Дастраскунандаи моли онҳо кист? Хитоие, ки шояд аз мавҷудияти моҳи Рамазон умуман хабар надорад ва ё тоҷири дохилӣ, ки гуноҳро ба сари хитоӣ мезанад? Барои исботи ин гуфтаҳо, як рӯз вақт сарф карда, ба бозору мағозаҳои пешазрамазонӣ сар халонед, ҳамааш маълум мешавад.

Шояд хитоӣ бори худро қимат кардааст, аммо гӯште, ки онро на аз Хитой, балки аз чарогоҳу оғилҳои худӣ барои забҳу фурӯш дар моҳи Рамазон мебароранд, чаро якбора дар арафаи моҳи омурзиши гуноҳҳо то ба 70 сомонӣ “парид”? Шояд гӯсфанду гове, ки дар ин моҳ кушта мешаванд, “ҷаннатианду” хӯрдани гӯшти онҳо рузадорро рост ба биҳишт мебарад? Вақте ки сабаби қиматиро мепурсӣ, қассоб мегуяд: “Нархи мол ин шабу рӯз дар бозор қимат шудааст ва агар мо бо нархи пештара фурӯшем, худашро “оправдат” намекунад”. Агар  чунин аст, пас, ҳамон соҳиби мол гумон аст, ки бо ба нархи баланд фурӯхтани гову гусфанди “ҷаннатӣ”-аш худаш низ аз паи онҳо ба ҷаннат равад…

Магар мо “фариштаи инсоф” надорем, ки дар ин моҳ андаке бошад ҳам, садди роҳи ин нархбаландшавиҳо шаваду  мардумро аз шарри онҳо наҷот диҳад? Дорем ва номи он Кумитаи зиддинҳисорӣ аст. Аммо чаро ин сохтор вазифаи худро иҷро намекунад ва ба ҷои ин, амали қиматфурӯшонро, ба қавли он қассоб “оправдат” мекунад?

Исбот мехоҳед, марҳамат. 

Қариб ду моҳ боз нархи сӯзишворӣ, хусусан, газ дар кишвар ба таври бесобиқа баланд шуд, зиддинҳисориҳо чӣ гуфтанд?

“Нархи хариди он қимат шудаст…”

Чаро тоҷирону воридкунандагони ҳамсоякишвари Қирғизистон, ки мисли мо газу бензини худӣ надоранд, бо нархи арзон аз “шарикони стратегӣ” маводи сухтро дастрас карда метавонанд ва ба мо “қочоқ”мекунанду воридкунандагони мо не? Оё ягон бор “зиддинҳисориҳо” бозори молу колои моро зери назорат гирифтаанд ва аз молфурӯшону гӯштфурушон пурсидаанд, ки асрори Рамазон дар чист, ки нархҳоро боло мебаред?

Дар бозорҳои кишвар намояндагони ин сохтор ҳаст, вале натиҷаи фаъолияти онҳоро то ҳол намебинем. Шояд пурсида бошанд, аммо хеле мулоимтар… Вагарна бо шунидани номи Кумитаи зиддинҳисорӣ ширкатҳои газфурӯшу  қассобони гӯштфурӯш ба ларза медаромаданд.

Нархи ҷаннат, баландии нархи гӯшти гову гусфанд нест ва онро ягон Кумита тағйир дода наметавонад.  Нархи ҷаннат, ин  тоату ибодат, адлу инсофу хайру саховат аст.

 Аммо бояд иқрор шуд, ки ҳоло ягона касе, ки ин садди роҳи “ажиотажи рамазонӣ” шуда метавонад, ин боз ҳам Худост, ки ба бандагонаш моҳи Рамазонро фиристодааст. Ба ин “манбаъи боэътимод” такя карда, дуо мекунем, ки баробари Рамазон инсофро ҳам, ба ноинсофон фирист, ки рӯзаи онҳо ҳам қабул шаваду мадуми рӯзадор ҳам  азияти қиматиро накашанд. Он гоҳ ҳам тоҷиру ҳам Тоҳир баъди моҳи Рамазон чун тифли навзод аз гуноҳҳо пок мешаванд ва зиндагии  серу пур барояшон муҳайё мегардад. Омин…

А.АҲМАДЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *