Дар Душанбе боз як шаҳраки нав месозанд
Ин шаҳрак дар ҳудуди собиқ бозори «Ҷал-Ҷам», воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо биноҳои баландошёна сохта мешавад.
Тибқи лоиҳаи ангоравии шаҳраки мазкур дар ин мавзеъ сохтмони маҷмааи биноҳои истиқоматии баландошёна, марказҳои савдову хизматрасонӣ, меҳмонхона, дафтарҳои корӣ, муассисаи томактабӣ барои 250 ҷой ва мактаб барои 1200 хонанда пешбинӣ гардидааст.
Тавре аз Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт ба «Ховар» хабар додаанд, дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе аз 10 сентябри соли 2020 бо бартараф намудани бозори «Ҷал-Ҷам» ва биноҳои атрофи он барои таҳияи лоиҳаи ангоравии шаҳраки мазкур иҷозат дода шудааст.
Лоиҳаи мазкур аз ҷониби «ҶСК Шаҳрофар» дар якҷоягӣ бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе таҳия мегардад.
Аз раиси ш. Душанбе, «ҶСК Шаҳрофар» ва Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе хоҳиш менамоям, ки ду бинои чорошёнаи атрофи собиқ бозори «Ҷал-Ҷам», воқеъ дар кӯчаи Шестопалова, биноҳои 19, 21-ро низ вайрон карда, дар зербинои он хонаҳои муосири баландошёна сохта шавад, бисёр ҳам ба мақсад мувофиқ аст. Зеро ин биноҳо (Хрушёвка) хело кӯҳна буда, сокинони он аз зиёни мушу кайку тахтакана ба дод омадаанд.