Давлатзода: Кодекси нави андоз қабул ва даромад кам мешавад

Кодекси нави андоз дар таҳрири нав ниҳоӣ шудааст ва бо пешниҳоди сабукиҳо ба соҳибкорон  рӯзҳои наздик қабул карда мешавад.  Ҳоло  гуруҳи корӣ аз аз ҳисоби вазорату идораҳои блоки иқтисодии кишвар лоиҳаи нави Кодексро ба Ҳукумати Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод кардаанд.

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз вобаста ин масъала имрӯз, 30 июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки  дар Кодекси нави андоз шумораи умумии андоз  аз 10 ба 7 адад кам карда шудааст. Ба гуфтаи масъулини мақомоти андоз,  андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингардро аз кодекс берун карданд. Ҳамин тариқ, дар Кодекси нав андоз аз даромад бо андоз аз фоида, андоз аз воситаҳои нақлиёт бо андоз аз молу мулк якҷоя карда мешаванд. Меъёри  андоз аз шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи 13 дарсад ва барои дигар шакли фаъолият 18 дарсад пешбинӣ шудааст. Ҳоло ин намуди андоз 23 дарсад мебошад. Инчунин, меъёри андоз барои шахсони воқеӣ 12 дарсад, меъёри андоз аз арзиши изофашуда (НДС) 15 дарсад пешбинӣ шудааст. Меъёри  андози ҳифзи иҷтимоӣ, ки корхонаҳо барои кормандонашон месупоранд, дар Кодекси нав 20 дарсад пешбинӣ шудааст.

Ба таъкиди Нусратулло Давлатзода,  бо қабул гардидани  Кодекси нави андоз воридоти маблағ ба буҷа метавонад кам гардад.  “Аммо ба хотири рушди истеҳсолот бояд ба соҳибкорон сабукиҳо дода шавад”,-изҳор дошт ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *