Додситонӣ: Дар ҷараёни мубориза зидди фасод нон қимат шуд

Додситонии кулли Ӯзбекистон бо нашри як изҳорот сабабҳои болоравии қимати нонро шарҳ дод.

Ба иттилои додситонӣ, омилҳои зер сабаби болоравии қимати нон шудаанд:

1. Даст кашидани давлат аз сиёсати ба таври сунъӣ нигаҳ доштани қимати орду нон.

2. Болоравии ҳамасолаи қимати маводи сӯхт, барқ ва газ. Аз ҷумла дар соли 2017 1 кВт⋅с неруи барқ барои истеҳсоли орд 204,3 сӯм арзиш дошт, аммо дар соли 2019 ба 405 сӯм расид (болоравии 120,4% қимати барқ).

Ба ҷуз ин, низоми мавҷуда, ки чандин сол амал мекард, ҳамроҳ бо қонеъсозии талаботи аҳолӣ бо нони арзон боис шуд, ки фасодкорие роҳандозӣ гардад. Бархеҳо орди арзонеро, ки бояд ба аҳолӣ фурӯхта мешуд, харидорӣ ва барои истеҳсоли хлеб бо нархи гаронтар мефурӯхтанд, омадааст дар хабари додситонӣ.

Бино ба хабари додситонӣ, дар солҳои 2011-2018 масъулони корхонаи «Оҳангарон дон» бо роҳи аз худ кардани орду гандум 1,9 миллион долларро «ба ҷайби худ задаанд».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *