Долларро “дафн” мекунанд ҷанозаашро кӣ мехонда бошад?

 Бӯҳрони молиявӣ дар ИМА ба доллар зарар мерасонад ва асъор мавқеи пешсафии худро дар ҷаҳон аз даст медиҳад

Тай чанд моҳи охир таҳлилгарон бар онанд, ки доллар бинобар ба миён омадани бӯҳрони иқтисодӣ дар Амрико мавқеашро дар бозори ҷаҳонӣ аз даст медиҳад. Ва инро вазири молияи ин кишвар иброз доштааст.

Доллар метавонад ҳамчун асъори захиравии ҷаҳон ғайри қобили эътимод гардад. Дар ин бора вазири молияи ИМА Ҷанет Йеллен изҳор дошт.

Бинобар сабаби пеш омадани бӯҳрони молиявӣ, ки ИМА талош дорад  аз он ҷилавгирӣ кунад,  заиф шудани эътимод ба доллар ба миён хоҳад омад,- гуфт ӯ.

Йеллен ҳамчунин афзуд, ки барои пешгирии чунин вазъ, Вашингтонро зарур аст, ки бояд ҳадди ниҳоии қарзи миллиро баланд бардорад, то маблағгузории ташаббусҳои қаблии Конгрессро таъмин кунад.

Набудани чораҳои қатъӣ боиси таъхир дар пардохти маоши хизматчиёни ҳарбӣ, имтиёзҳо, инчунин боздоштани пардохти маблағҳои аз ҳисоби андоз баргардондашуда барои кӯдакон мегардад.

«Вазъияти коғазҳои қиматноки хазинадорӣ — дороиҳои боэътимоди ҷаҳон ва инчунин доллар ҳамчун асъори захиравии ҷаҳон пойин хоҳад шуд», — гуфт Йеллен.

Чанде пештар Сенати ИМА барои муваққатан боло бурдани ҳадди қарзи давлатӣ 480 миллиард доллар овоз дод. Ҳамин тариқ, кишвар метавонад дефолтро ба таъхир гузорад, ки то 3 декабр маблағи кофӣ хоҳад буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *