Ҳамагӣ $57,7 млн гардиши тиҷорат. Умедвории Ризо Ардакиён дар Душанбе

Дар як сол гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Эрон ҳамагӣ 57,7 млн. долларро ташкил додааст. Аз ин  рақам содирот 9,4 млн. доллар ва воридот 48,4 млн. доллар  рост меояд.

Ин нукта  дар ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон дар шаҳри Душанбе садо  додааст.

Ин ҷаласа, ки 7 июни соли равон доир гардид, вазири энергетика ва захираҳои об Ҷумъа Далер иброз дошт, нишондиҳандаҳо шаҳодат медиҳанд, байни Тоҷикистону Эрон имкониятҳои бештари ҳамкорӣ  мавҷуд мебошад. Ҷонибҳо  бояд онро баҳри боз ҳам ривоҷ додани муносибатҳои  тиҷоратию иқтисодии мутақобилан судманди кишварҳо равона созанд.

-Бояд гуфт, ки дар давраи ҳамкории судманд, як зумра  корҳо ба анҷом расонида шудаанд, ки яке аз онҳо сохтмони Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон  бо тавоноии 220 МВТ мебошад. Санги асоси НБО-и «Сангтӯда-2»  20  феврали соли 2006 гузошта шуда, соли 2014 нерўгоҳи мазкур бо иштироки сарони ду давлат мавриди баҳрабардорӣ  қарор дода шуд,- хотиррасон намуд  Ҷумъа Далер.

-Иқтидору имкониятҳои истифоданашудаи ҳарду кишвари ба ҳам дӯст, ки метавонанд дар муносибатҳои дуҷониба  нақши муассир дошта бошанд, ҳанӯз зиёданд, — таъкид намудааст вазири тоҷик.

Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ризо Ардакиён  гуфтааст, ки Эрон аз нахустин давлатҳое буд, ки соли 1991  Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохт.

-То имрӯз байни Тоҷикистон ва Эрон 13 комиссияи муштарак баргузор шуда, дар натиҷаи ин нишастҳо  масъалаҳои  муҳим баррасӣ  ва корҳои зиёд амалӣ  карда шудааст. Умедворам, ки зимни  14-умин Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон масъалаҳои ҷойдошта ҳалли худро ёфта,  он  саҳифа наверо дар  густариши  муносибатҳои дуҷониба боз менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *