Хешбозӣ ва интихоби кадр дар Алиф Бонк

Абдулло Қурбонов, роҳбари “Алиф Бонк” меҳмони навбатии барномаи “Корзина” буд. Мо бо ӯ дар мавриди бонкдорӣ дар Тоҷикистон, андози миёншикан,  ҷарима шудани Алиф Бонк, Алиф-Академия ва усули махсуси кор дар Алиф суҳбат намудем.

— Барои чӣ Алиф?

Алиф ҳарфи аввали алифбои ниёгони мо аст. Яке аз арзишҳое, ки дар Алиф Бонк аст, ҳамагон монанди Алиф ростқавл, ростгӯ ва каҷнашаванда ҳастанд.

— Идеяи Алиф чӣ гуна пайдо шуд?

Мо се нафар – ман, Зуҳуршо ва Фирдавс, соли 2013 дар фикри Алиф будем. Идея аз он пайдо шуд, ки дар дили ҳар яки мо орзу ва мақсади бо ягон кор ба халқу Ватани худ хизмат карданро доштем. Мо таҳлил кардем, ки бо кадом роҳ имкон дорад ба мақсадҳоямон бирасем ва дар охир ба хулосае омадем, ки бо таъсиси Алиф метавонем зиндагии мардумро осонтару хубтар намоем.

Алиф бонк ҳам нест, танҳо ташкилотест, ки иҷозатномаи бонкӣ дорад ва кӯшиш карда истодааст, ки бо се соҳа — молия, технология ва маориф зиндагии мардумро беҳтар кунад.

-Аз се соҳае, ки номбар кардед, дар ду тояш – молия ва технология корҳои шумо назаррасанд, аммо дар соҳаи маориф чӣ кор кардед?

Дар соҳаи маориф мо ба ду шакл кор карда истодаем. Якум, мо Алиф-Академия ташкил кардем. Ин як ташкилоти ҷамъиятиест, ки ҳадафаш пул кор кардан нест ва дар он тӯли 3-4 сол мешавад, ки ба хоҳишмандони курсҳои барномасозӣ омӯзонида мешавад. Дар ин муддат 8 курс гузаронида шуд, ки бештар аз 125 нафар дар онҳо таҳсил карданд ва тақрибан 50 нафар онро хатм намудаанд.

— Танҳо ҳамин?

— Не, мо дар ин соҳа боз як навигарӣ дорем. Бо як мактаби ибтидоӣ маслиҳат кардем ва насиб ба синфҳои ибтидоӣ асосҳои истифодаи компютерро меомӯзонем ва ният дорем, ки дар солҳои минбаъда аз миёни онҳо шавқмандонро ҷудо карда, барномасозиро ҳам омӯзонем.

Корзина #14 бо Абдулло Қурбонов, роҳбари Алиф Бонк

Бонки миллӣ бо ёфтани чанд камбудӣ дар кори шумо Алиф Бонкро ним миллион сомонӣ ҷарима кард. Шумо ин ҷаримабандиро аз шаффофияти кор арзёбӣ кардед. Яъне, ба назар мерасад, ки шумо камбудии худро медонистед, чаро то ҷарима шудан ислоҳ накардед?

Не, танҳо фикри худамон буд, ки рӯирост эълон кунем, ки маро ҷарима карданд. Бояд донист, ки яке аз масъулиятҳои Бонки миллӣ ин назорати бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ аст. Бонки миллӣ дар фаъолияти “Алиф Бонк” камбудӣ ёфт, ки фаъол набудани шӯъбаи нозирон ва аудит арзёбӣ мешавад. Албатта, мо аз ҷарима шудан ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ ғамгин шудем, зеро ин пули кам нест, аммо назорат ва гуфтани камбудиҳо ҳам бояд бошад.

-Имрӯз меъёри ситонидани андоз шуморо қаноатманд мекунад? Чӣ камбудиҳо дар самт  ҷой доранд?

Дар мо меъёри андоз нисбатан баланд аст. Нафароне, ки андозсупорандаи ношаффоф ҳастанд, хеле зиёданд. Ман фикр мекунам, ки агар якчанд корро амалӣ кунем, ҳам иқтисодиёти ғайришаффофро шаффоф мекунем, ҳам меъёри андозро паст ва ҳам ба буҷаи давлат бештар андоз меорем.

Чӣ гуна?

— Як лоиҳаи бузурги умумидавлатӣ аз блоки иқтисодӣ лозим аст. Агар ҳамон блоки иқтисодӣ гӯяд, ки баъд аз панҷ сол мо пурра нақдиро аз Тоҷикистон мебарорем, дар ин ҳолат чӣ мешавад? Албатта, ки насупоридани андоз қариб ки ғайриимкон мешавад. Коррупсия аз байн меравад, чунки ҳама чиз шаффоф мешавад, зеро ҳама чиз ғайринақдӣ мешавад. Дар ин ҳол имкони чанд маротиба пастшавии андоз ҳам пайдо мешавад. Ба буҷаи мамлакат ҳам маблағи зиёдтар ворид мешавад.

— “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроивестбонк” то ҳол наметавонанд маблағи муштариёни худро пурра пардохт намоянд. “Тоҷпромбон” ва “Фононбонк” худро муфлис эълон карданд. Аз нигоҳи шумо сабаби муфлисшавии бонкҳо дар Тоҷикистон чист?

Ба фикри ман, сабаби асосӣ аз сиёсати нодурусти кадрӣ аст. Дар дилхоҳ корхона коргарро набояд барои хешованд будан барои чеҳраи зебояш ва барои чизи дигар ба кор қабул кард. Аммо мутаассифона, имрӯзҳо бисёр ба назар мерасад, ки чунин хешутаборбозӣ, ҳамсинфу ҳамкурс ё ҳамсоябозиҳо  зиёданд.

— Пас, чӣ гуна бояд коргарро ба кор қабул кард?

— Бисёр сода. Аввалан, аз ҷиҳати қувва ва фаҳмиш омода бошад. Дуюм, аз ҷиҳати ченакҳои инсонӣ, арзишҳои одамӣ бо мардум, бо пули мардум, бо сармояи мардум ва ҷамъият ҳалол ва бетамаъ кор карда тавонад. Масалан, дар Алиф барои даромадан ба кор 5-6 марҳила мавҷуд аст. Якум, коргарро аз онлайн-тест мегузаронем. Дуюм, дар идора омада тест месупоранд. Чанд суҳбатро бо намояндагони мо мегузаранд ва дар охир ман ҳам дар яке аз имтиҳонҳо иштирок мекунам, иловатан як муддати санҷиширо ҳам мегузаранд.

— Мегӯянд, ки довталабон ё корҷӯён ба унвони Алиф бисёр меоянд, ин то кадом андоза дуруст аст?

Бале, дуруст аст. Ҳар моҳ тақрибан то 1000 нафар ба Алиф ҳуҷҷат месупоранд, мо аз рӯи имкон аз 5 то 10 нафарашонро ба кор қабул мекунем. Дар се соли охир наздиқи 22 ҳазор нафар барои кор ба алиф ҳуҷҷат супоридаанд ва ҳоло дар умум зиёда аз 400 нафар дар Алиф кор мекунанд.

— Шумо гуфтед, ки яке аз муҳимиятҳои ба роҳ мондани сиёсати кадрӣ ин роҳ надодан ба хешутаборбозӣ аст. Дар Алиф хешону пайвандони шумо кор мекунанд?

 — Тавре дар боло гуфтам, мо се нафар корро шурӯъ карда будем ва агар Зуҳуршо дӯсти ман бошад, Фирдавс хеши ман аст. Мо ҳеҷ вақт намегӯем, ки хешованд наметавонад кор кунад, балки мегӯям, ки сабаби ба кор қабул кардан ба кор хешовандӣ набошад. Мо баъдан додари Фирдавсро ба кор гирифтем ва албатта, ба таври шаффоф. Аз худи ман бошад, ягон аъзои оилаам дар Алиф кор намекунанд.

Мегӯянд, ки дар “Алиф Бонк” усули махсуси кор аст, ки он аз дигар бонкҳо фарқ мекунад. Кадом аст ҳамон усули махсус?

Ин фарҳанги Алиф аст. Фарҳанге, ки ғамхорӣ ва бетараф набуданро талқин мекунад. Ин чизест, ки вақте муштарӣ меояд ҳар аъзои Алиф аз дасташ кори меомадаро барояш мекунад. Яъне, бачаҳои мо қабул кардаанд, ки барномасоз ҳам дар вақти серкории дигарон бояд ба муштарӣ чой пешниҳод кунад, аз мушкилии он бохабар шавад, барои вай ҷойи нишаст ва интизор шуданро нишон диҳад. Яъне, ҳама дар хизмати мизоҷон. Дар мо хӯроки нисфирӯзӣ аз соати 12 то 13 нест, балки бо навбат ва ҷавоб додани муштариён аъзои Алиф ба ношто мераванд.

— Оё як муҳосиб ё барномасоз қабул мекунад, ки ба муштариён чой пешниҳод кунад?

Дар мо касемаҷбур нест, ки ҳар кори ба анҷомнорасидаро, масалан, ба муштарӣ пешниҳод намудани чойро иҷро кунад, балки аъзои Алиф ҳама корро аз рӯи шавқ ва хоҳиши худ мекунанд, зеро мо як команда ҳастем ва фикрҳову манфиатҳо ва мақсадҳоямон як аст.

— Ҳар дусола дар Тоҷикистон маоши кормандони буҷа 10-15 фоиз зиёд мешавад ва табиист, ки бо баланд шудани маош нархҳо дар бозорҳо ҳам каме тарафи боло ҳаракат мекунанд. Дар миён як бемантиқӣ ё нобаробарӣ пайдо мегардад: маоши кормандони буҷа зиёд мешавад, нархҳо дар бозорҳо меҷунбанд, маоши кормандони корхонаву ташкилотҳои хусусӣ ҳамон хел меистад, аммо нархҳо не. Алиф дар ин масъала чӣ назар дорад ва фикри баланд кардани маоши кормандонашро  мекунад ё не?

Мо ҳар шашмоҳа маоши кормандоне, ки дар марҳилаи аввали кор ҳастанд, бо мақсади зиёд кардан баррасӣ мекунем. Ва маоши он нафароне, ки дар марҳилаҳои болоӣ кор мекунанд ва маошашон ба бозор мувофиқ аст, дар як сол як маротиба зиёд мекунем.

— Маоши кормандони Алиф аз чанд то чанд сомонӣ аст?

Ман аз чанд то чанд сомонияшро намегӯям, беҳтар аст, ки маоши миёнаро гӯям. Маоши миёна дар Алиф 3-3,5 ҳазор сомонӣ аст.

Мо умед мебандем, ки маоши миёнаи тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон чунин мешавад.

— Оҳиста-оҳиста ба ин рӯз ҳам мерасем.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *