Маҳсулоти арзон дар моҳи Рамазон (видео+аксҳо)

Имрӯз, 6-уми май дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” намоиш-фурӯши маҳсулоти соҳибкорони ватанӣ баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ намояндагони вазорату идораҳо, аз ҷумла, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, Агентии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон, роҳбарони ширкату корхонаҳо, сарпараст ва шарикон, инчунин, намояндаҳои ВАО ширкат варзиданд.

Шаҳноза Ҳамдамова, директори Агентии “Тайрон”, ки ташаббускори асосии ин намоишгоҳ мебошад, зимни ифтитоҳ гуфт: “Ин намоиш-фурӯши маҳсулот дар доираи ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда истодааст. Намоиш-фурӯши маҳсулот бо мақсади муаррифии истеҳсолкунандагон соли 8-ум аст, ки дар доираи лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” аз ҷониби Агентии “Тайрон” дар якҷогӣ бо шарикон, аз ҷумла, Вазорати саноат ва техлогияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати Tcell  баргузор карда мешавад” .

Таъкид гардид, ки  дар ин чорабинӣ  беш аз 30 корхонаи ватанӣ маҳсулоти худро ба намоиш ва фурӯш мегузоранд.  Инҳо корхонаҳое мебошанд, ки аллакай  дар дохил ва хориҷи  кишвар  тамғаашон шинохта шуда, маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол мекунанд.  Иқдоми мазкур  боиси он мегардад, ки тамғаи корхонаҳо шинохта шавад. Инчунин, маҳсулоташон ташвиқ ва доираи харидоронашон бештар  мегардад.

Дар намоишгоҳ ширкатҳои ватанӣ ва корхонаҳои муштарак молу маҳсулоти худро дар бахшҳои хизматрасонӣ, сохтмон, хӯрока, молҳои нассоҷӣ  бо нархи нисбатан арзон пешкаши муштариён мегардонанд.

Намошгоҳ 6-уми май оғоз гардида, то 9-уми май идома меёбад. Дар арафаи моҳи Рамазон  нархи маҳсулоти хӯрока дар намоишгоҳ нисбат  ба бозор арзон аст.

Ёдовар мешавем, ки соли равон ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дар доираи лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” тибқи овоздиҳии мардум  30 ширкати беҳтарини кишвар дар номинатсияҳои гуногун баргузида мешаванд. Маросими супурдани ҷоизаҳо ба ТОР-30 ширкати Тоҷикистон 21 май дар меҳмонхонаи “Хаят Реҷенси» сурат мегирад.

Ғолибони озмун дар чорабинии тантанавӣ бо диплом ва ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2021” сарфароз гардонда мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *