Мардон дар курсии гарм мешинанд, занҳо ба «Роғун» раванд?

Баъди ислоҳот дар ШСХК “Барқи Тоҷик” ва тақсимоти сохторӣ дар Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент  гурӯҳе аз кормандон бекор мондаанд. Ин ихтисоркунӣ қисми осебпазири ҷомеа- занонро фаро гирифт. Онҳо менависанд, ки  “Додамонро ба кӣ гӯем?” ва мепурсанд, ки “ Дуруст аст, ки мардҳо дар курсии нарм шинанду занҳо ба “Роғун” раванд?”

«Барқи Тоҷик» се тақсим

 Ширкати “Барқи Тоҷик” соли гузашта  дар заминаи ислоҳот ба се сохтор: истеҳсол, тақсимот ва  фурӯш ҷудо шуд. Дар заминаи ин, шабакаҳои барқи Панҷакент, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ  ба Истаравшан гузашта, як сохтори алоҳидаро ташкил карданд. Акнун роҳбари чор бахши сохтори барқӣ  аз як ҷо идора мешаванд. Ҳуҷҷатгузорӣ, ҳисоботи молиявӣ, гузоштани имзову муҳр дар Истаравшан амалӣ мегардад.

Баъди  чунин тасмим, гурӯҳи занон, ки дар Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент кор мекарданду ихтисор шудаанд,  назди мақомоти шаҳр ҷамъ омаданд. Онҳо гуфтаанд, ки бидуни огоҳӣ ва аз тарафи роҳбари Шабакаҳои барқи шаҳри Истаравшан аз кор озод шудаанд. Онҳо сарсонанду намедонанд, додашонро ба кӣ гӯянд. Аз ҷумла, номаи  яке аз ин занҳо ба  унвони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта расонаӣ шуд. Номаи зани танҳо, ки аз кор ихтисор шудааст, дигар намедонад чӣ кор кунад, то дубора соҳиби ҷойи кор шавад. Ӯ бо нолиш навиштааст, ки бори зиндагиро танҳо пеш мебараду  фарзандонашро бо нон таъмин мекунад. Ин зан дар номааш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  аз ҷумла навиштааст: 

Раиси барқи Истаравшан чӣ мегӯяд?

Баъди ин муроҷиат идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон бо Рустам Пӯлодов, роҳбари Шабакаҳои барқи шаҳри Истаравшан дар суҳбат шуд. Аввалин суоле, ки аз ӯ пурсида шуд: бо кадом сабаб кормандони Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент аз кор озод шуданд?

Ӯ чунин посух гуфт:

“Аз муроҷиати занон огоҳ ҳастем. Дар асоси муроҷиати заноне, ки ихтисор шудааанд,  аз тарафи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон комиссия таъсис ёфтааст. Ҳоло  масъаларо омӯхта истодаанд. Умуман, дар асоси Кодекси меҳнати Тоҷикистон ва баъди тағйирот  дар истеҳсолот, кормандоне, ки фаъолияташонро дуруст идома дода наметавонанд, онҳо огоҳӣ мегиранд ё аз кор озод мешаванд. Дар муддати бекор будан ду моҳ ширкат онҳоро бо  маош таъмин мекунад. Яъне, то муҳлати бо кор таъмин шудани онҳост. Инҳо 12 нафаранд. 5 нафарашон бо кор таъмин шуданд. Тақдири боқимондаро вазорат муайян мекунад”. 

 Зимнан, Рустам Пӯлодов, ки ду моҳ инҷониб ба сифати роҳбари Шабакаҳои барқи Истаравшан фаъолият дорад, мегӯяд, ҷобаҷогузории кадрҳо аз ӯ вобастагӣ надорад. “Системаи таъмини барқ, қабул ва истифодаи ҳаққи барқ аз Истаравшан ҷорӣ мешавад. Ҷобаҷогузории кадрҳо, роҳбарони саридораҳо, сармуҳосиб ва дигар кормандон ба ваколати ШСХК “Барқи Тоҷик” аст. Инро Шӯрои нозирони ширкат бар зимма дорад. Яъне, кадрҳои моро ширкат таъин мекунад. Танҳо пешниҳод аз мост”,-посух гуфт Пӯлодов.

Аммо тибқи маълумоти дастрасшуда, ҳоло дар Панҷакент баъди чунин ислоҳот кормандон сарсонанду барои як маълумот ё дигар амалиёт маҷбуранд, ки ба Истаравшан оянд. Хароҷоти барзиёд, масофаи дур ва дигар мушкилот метавонад онҳоро якбора аз фаъолият дар ширкат дилсард намояд.

Муҳтарам,Ҷаноби Олӣ, мактубро ба шумо зани танҳо, модари 3 фарзанд менависад. Ман, истиқоматкунандаи шаҳри Панҷакент ҳастам. Шавҳарам соли 2020 аз касалии илтиҳоби шуш вафот кард. Ман бо 3 фарзанд бе саробон мондам. Писари калониам дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, дар курси 3-юм  мехонад. Писари хурдиам 12-сола аст. Духтарам соли 2020 Донишгоҳи миллиро хатм кард. Ҳар ду фарзандам дар донишгоҳҳои бонуфуз дар гурӯҳи буҷавӣ мехонанд.

Ман аз соли 2002 дар Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент кору фаъолият мекунам. Шавҳари марҳумам низ аз соли 1993 дар ин ҷо кор мекарданд. Соли ҷорӣ баъд аз навгониҳо дар соҳаи энергетика ман ба қатори қариб 100 нафар коргар бекор мондам.

Қариб 90%-и ихтисоршудагонро занҳо ташкил мекунанд, ки бештарашон ба мисли ман занҳои танҳо ҳастанд. Инак, қариб ду ҳафта мешавад, маълум нест, ки мо кор мекунем ё ихтисор шудаем. Аз мо талаб карданд, ки аризаи аз кор озодшавиро нависем. Акнун мегӯянд, ҳар касеро, ки мехоҳанд, ба кор қабул мекунанд: “Аризаҳоятонро навиштед, аз дастатон ҳеҷ коре намеояд”.

Бештари занҳои бекормонда зиёда аз 15 сол собиқаи корӣ доранд. Бо ин синну соле, ки мо дорем, ҷойи кор ёфтан душвор аст. Панҷакент шаҳри бузург нест, бештари корхонаву идораҳо ҷойи кори холӣ надоранд ё ҷавононро ба кор қабул мекунанд.

Ба мо фаҳмонданд, ки дар идора барои занҳо ҷойи кор нест. Бештари идорашинҳо мардонанд. Ба гуфти худашон, инҳо мутахассисанд. Агар ин тавр аст, пас ба мо занҳо як роҳ мемонад: “Роғун” равему ба ҷои мардон кор кунем. Ин ҷо мардон дар курсиҳои гарму нарм шинанд.

Фаҳмидем, ки раиси нав мехоҳад одамони худашро ба кор гирад ва бо онҳо кор кунад. Магар ин коргоҳи давлатӣ нест? Ё ширкати хусусиашон асту чӣ коре хоҳанд, мекунанду бо касоне, ки мехоҳанд, кор мекунанд?

Ҷаноби Олӣ, ба шумо низ вазъияти вазнини ҳозир маълум аст. Агар роҳи муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия кушода мебуд, мерафтем мардикориву як луқма нон ёфта,  фарзандонамонро ба воя мерасондем.

Манзура Бобомуллоева

Дар омади гап

Мутаассифона, номаи занон ва посухи Пӯлодов бозгӯи он аст, ки ШСХК “Барқи Тоҷик” на дар доираи манфиати умумидавлатӣ, балки дар доираи манфиатҳои ҳатто берун аз соҳа амал мекунад. Бо ин мо гуфтанӣ нестем, ки касе ба он манфиатдор аст. Вале саволҳое ҳастанд, ки посух мехоҳанд. Чаро маҳз Истаравшон марказ интихоб гардид? Панҷакенту Айниву Кӯҳистони Масчоҳ дар Тоҷикистони марказӣ ҷойгиранд ва масофаи роҳ аз ин ноҳияҳо қариб 200 км — ро ташкил медиҳад. Ҳол он ки масофаи роҳ аз ин се ноҳия то маркази ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе наздиктар аст.

Истаравшан дар шимоли Тоҷикистон аст. Бар замми ин, онро аз Тоҷикистони марказӣ ағбаи “Шаҳристон” ҷудо мекунад, ки барои рафтуомад мушкилот эҷод мекунад. Ҳол он ки аз маркази ноҳияи Айнӣ то маркази шаҳри Панҷакент тамоми фасли сол 40 дақиқа роҳ аст. Роҳи ҳамвори муосир.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар бораи сарфакорӣ, бомулоҳиза харҷ кардани маблағҳо ҳарф мезананд. Аммо “Барқи Тоҷик” дар чӣ андеша аст? Вазорати молия ба ин амали ШСХК “Барқи Тоҷик” чӣ мегуфта бошад?

Биёед, бо забони рақамҳо гап мезанем. Агар дар як моҳ бо дастуру супоришу ҳисобот аз ин се ноҳия 20 нафар ба Истаравшон даъват шаванд, чанд пул сарф мешавад?

Агар шумораи кормандоне, ки аз ин се ноҳия дар як моҳ ба 100 нафар расад? Мо шумораи одамонеро, ки аз ин  се ноҳия барои ҳалли мушкилоташон ба Истаравшон меоянд, ба эътибор нагирифтем. Дар сурати ба эътибор гирифтан, шояд миқдори онҳо ба ҳазор мерасид. Онҳо ҳам дар баробари кормандони расмӣ аз кисаашон пул харҷ мекунанд.

Номгӯи  хароҷотҳо воҳиди ченак микдор нарх маблағ
Роҳкиро  ба Истаравшан нафар 30 80 2400
Роҳкиро аз Истаравшан нафар 30 80 2400
Меҳмонхона барои 1 шаб нафар 30 150 4500
Хӯрока барои 2 рӯз нафар 30 150 4500
Маблағи 8+8=16 соати кори сарфи роҳ нафар 30 200 6000
Ҳамагӣ дар як моҳ       19800
Ҳамагӣ дар як сол   30 7920 237600

Агар шумораи одамони сафари хидматӣ анҷом дода ва корафтодагон дар як моҳ ба 100 нафар расад, 66 000 сомонӣ харҷ мешавад. Дар як сол ин ба 792 000 сомонӣ баробар аст.

Мо ин ҷо дар бораи маблағи молу маҳсулот (қисмҳои эҳтиётӣ, кабел, равғани трансформаторҳо ва даҳҳо номгӯи дигари таҷҳизот), ки аз пойтахт, аз дохили ин ноҳияҳо убур карда,  ба Истаравшан ва аз Истаравшан дубора Панҷакенту Айнию Кӯҳистони Мастчоҳ фиристода мешаванд, чизе намегӯем. Шояд хароҷоти онҳо даҳҳо милллион  сомониро ташкил диҳанд. Ин кори Вазорати молия аст.

Ба ин сомонҳои бесомон муҳтарам вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа, вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва раиси ШСХК “Барқи Тоҷик” Мирзо Исмоилзода чӣ мегуфта бошанд? Интизори посухи онҳоем.

Усмон Раҳимзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *