Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Миллионҳо аз даст рафт, 4- 000 бекор. Туризми Тоҷикистонро чӣ интизор?

Коронавирус  фаъолияти корхонаҳои истеҳсолиро заиф, даромади соҳаи сайёҳиро ба замин зад. Имрӯз дар баробари ҷаҳон, ҳазорон ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гунае бе нон монданд. Ҳоло дари ширкатҳои сайёҳӣ баста аст, барои қабули сайёҳон фармоиш қабул намекунанд. Меҳмонхонаҳо, ки дар ин мавсим пур буданд,  холист. Дар долонҳои меҳмонхона гӯё пашша пар намезанад, хомӯшӣ ҳукмфармост. Ин ҳама ба иқтисоди кишвар чӣ пайомад дорад?

Ҳушдори кумита ва нақшаҳои барбодрафта

Кумитаи  рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон баъди  хурӯҷи бештари коронавирус дар ҷаҳон ва баъдан доман паҳн кардани он ба кишвар, ба ширкатҳои сайёҳии дохилӣ нома фиристод. Кумита ба унвонии ширкатҳо гуфт, ки хизматрасониҳои сайёҳӣ ва омадурафти сайёҳон то муътадил гардидани вазъи хавфи бемории COVID-19 худдорӣ мешавад. Воқеан ҳам, соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон нав қомат рост карда истода буд. Аммо дар пайии пандемияи коронавирус имсол ба шикаст рӯ ба рӯ мешавад. Дар суҳбат бо намояндагони ширкатҳои сайёҳии дохилӣ маълум шуд, меҳмонони хориҷӣ фармоишҳои омаданро, ки соли гузашта тасдиқ намудаанд, рад кардаанд. Дар ин росто, ширкатҳои  сайёҳӣ ҳоло сардаргумонд.   Дар суҳбат  Ҳабибулло Амирбекзода, муовини якуми раиси Кумитаи  рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон  гуфт, ки имрӯзҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ хурӯҷи вируси сироятии COVID-19 соҳаи сайёҳиро яке аз бахшҳои аз ҳама осебпазир гардонид. “Албатта, паҳншавии вируси COVID-19 дар як муддати кӯтоҳ ба гардиши сайёҳон ба ҷумҳурӣ таъсири манфӣ расонид.

Раванди хизматрасонии субъектҳои хоҷагидори сайёҳӣ, ҷойҳои кори кормандони онҳо, фурӯши бастаҳои хизматрасониҳо, кам гардидани таблиғот дар бозорҳои сайёҳӣ ва дарёфти шарикони нави ҳамкор, раванди таъсиси ширкатҳои сайёҳӣ, кашфи бозорҳои нави сайёҳӣ дар минтақа ва ҷаҳон, иштирок дар намоишгоҳҳои сатҳи ҷаҳонӣ осебпазир гардиданд. Дар ин замина,  барои муайян намудани хисороти ҳолати баамаломада байни субъектҳои соҳаи сайёҳӣ аз ҷониби Кумита пурсиши хаттии фаврии ширкатҳои сайёҳӣ гузаронида шуд. Натиҷаҳои пешакии пурсишнома аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар марҳилаи сипаришуда буҳрони иқтисодӣ ба нақшаҳои қабули сайёҳони субъектҳои хоҷагидори соҳаи сайёҳӣ дар соли 2020 таъсири манфӣ расонидааст”,- мегӯяд Ҳабибулло Амирбекзода, муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ.
Айни замон дар баробари манъи қабули сайёҳон,  Кумитаи  рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон  ташкили ҳама гуна сафар ва саёҳатҳои дохилӣ, байналмилалиро то замони ба эътидол омадани вазъият манъ кардааст. 

Ба суоли “Кумита чӣ барномаи мушаххас ва зиддибуҳрониро дар ин давра роҳандозӣ кард?” Амирбекзода чунин посух гуфт: “Кумита дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ нақша- чорабиниҳои зиддибуҳрониро дар самти сайёҳӣ таҳия намуд. Дар якҷоягӣ бо шарикони рушд ҷиҳати самаранок истифода бурдани вақт дар таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ барои мавсимҳои оянда гуфтушунидҳо идома доранд.
Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ барои баланд бардоштани касбият ва тахассуснокии масъулини соҳа,  назорати қатъӣ қарор додани ҳолати санитарию гигиении ошхонаву ҳаммомҳо, мабразу дастшӯйгоҳҳо бо мақсади пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сирояткунанда, ҷойҳои тамошои сайёҳӣ дар чанд минтақаи Тоҷикистон семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шуд.  

Дар он намояндагони шарикатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ ва субъектҳои хизматрасонӣ дар бахши сайёҳӣ ширкат намуданд. Ҳоло гурӯҳи корӣ аз ҳисоби коршиносони дохилию байналмилалӣ дар назди кумита ташкил гардида, вобаста ба вазъият видеоконфронсҳо доир шуда истодаанд. Таҷрибаи  давлатҳои хориҷӣ омўхта, намунаи беҳтарини он дар пешбурди соҳаи сайёҳӣ татбиқ мегардад”.

Ширкатҳои сайёҳӣ чӣ мегӯянд?

Сайидалӣ Ғайбуллоев, роҳбари Ширкати сайёҳии “Гиди Помир” мегӯяд, имсол сайёҳони хориҷиро,  ки бештарашон аз Аврупо  буданд, аз даст дод. Зеро дар пайи бемории сироятии коронавирус ва баста шудани роҳҳо, онҳо сафари худро ба Тоҷикистон мавқуф гузоштанд. “Ширкати мо асосан дар ноҳияи Мурғоб фаъолият дорад. Беш аз 10 сол аст, ки ба сайёҳон хизматрасониро дар ҳудуди ВМКБ  ва дигар мавзеъҳои Тоҷикистон ба роҳ мондаем. Имсол бароямон вазнин аст. Ягон хориҷӣ нест. Тамоман фармоиш қабул карда наметавонем. Умед дорем, ки дар соли 2021 мо сайёҳонро қабул мекунем. Зеро имсол аллакай тамоми меҳмонони мо омадани худро  рад кардаанд. Соли гузашта мо наздики 100 меҳмонро аз хориҷа барои тамошои кӯҳҳо ва мавзеъҳои таърихии Бадахшон қабул карда будем. Ин сайёҳон ният доштанд, ки дар соли равон чандин гуруҳҳои дигарро ҳамроҳи худ ба Тоҷикистон меоранд. Муштариёни моро асосан аз давлатҳои Шветсария, Франсия, Амрико, Олмон ва Италия ташкил медиҳанд. Ғайр аз ин, моҳи феврал-март тарғиботи хубро ба роҳ монда будем. Умед дорем, ки вазъият хуб мешаваду нақшаҳо амалӣ мешаванд”,-иброз дошт дар суҳбат роҳбари Ширкати сайёҳии “Гиди Помир”.

Диловара Баҳромова, роҳбари ширкати сайёҳии “Куҳандиз”  имсол ният дошт, ки беш аз 1000 нафар сайёҳро аз Аврупо, аз ҷумла Италия қабул кунад. Зеро ширкати ӯ  таҷрибаи 15-солаи фаъолият дошта, бо роҳбари гурӯҳҳои сайёҳон суҳбат карда, пешакӣ нақшаи инро тарҳрезӣ карда буд. 

Ӯ мегӯяд: “Ширкати мо аз қабул то гусели сайёҳон машғул аст. Дар соли 2020 нақшаҳои зиёд доштем, аммо вабои омада ҳамаро барбод дод. Бо чандин ширкатҳои маъруфи хориҷӣ гуфтушунид дошта, дар намоишгоҳҳо иштирок кардем. Масалан, соли гузашта 800 нафар хориҷиёнро ба Тоҷикистон қабул карда, барои тамошо ва истироҳаташон роҳбаладӣ мекардем. Имсол ин рақам бояд аз 1000 нафар мегузашт. Инҳо саёҳоне  мебошанд, ки аз  моҳи октябр то декабри соли 2019 ба мо  фармоиш дода буданд. Гурӯҳҳои меҳмонон аллакай тасдиқ шуда буданд. Бинобар ин, мо барои онҳо бо маъмурияти меҳмонхонаҳо ва мавзеъҳои сайёҳӣ шартнома бастем. Асосан инҳо меҳмонон  аз Италия буданд. Ҳадафи мо ҳам ҷалби бештари сайёҳон аз Аврупост. Зеро ширкати мо саёҳатро дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон таъмин мекунад. Коргарони мо мавсимӣ мебошанд, ки 15 нафарро ташкил медиҳанд. Бинобар  вазъияти баамаломада имсол ширкат онҳоро бо кор таъмин карда наметавонад. Аммо мо интизорем, ки вазъият хуб шавад, зеро шартномаҳои қабули сайёҳонро бо меҳмонхонаҳо бекор накардаем”.

Дар Тоҷикистон 180 ширкати сайёҳӣ  мавҷуд аст. Ба ҳисоби миёна дар як мавсим ширкат то 20 нафарро бо кор таъмин мекунанд. Агар ба рақами боло ҳисоб кунем, наздики 4 000 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар давраи пандемияи коронавирус бекор монданд.

Тоҷикистон аз манбаи даромад маҳрум шуд

Аз рӯи маълумоти оморӣ бармеояд, ки соли гузашта  беш аз ним миллион сайёҳи хориҷӣ вориди Тоҷикистон шудаанд. Танҳо дар  баҳори Тоҷикистон ва ҷашни Наврӯз  зиёда аз 60 ҳазор нафар сайёҳон  ба Тоҷикистон омада,  мавзеъҳои таърихӣ ва табиати кишварро тамошо кардаанд. Коршиносон мегӯянд, ки як сайёҳи хориҷӣ  дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна бо шумули меҳмонхона, сайёҳат ва истеъмоли хӯрок 100 доллар харҷ мекунад. Агар дар 1 сол ба Тоҷикистон 600 ҳазор сайёҳ омада бошад, дар 1 рӯз ба 60 миллион доллар баробар мешавад. Намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ мегӯянд, ки бештари  сайёҳон бори аввал ба Тоҷикистон меоянд. Онҳо аз табиати зебои кишвар дил канда наметавонанд. Маҷбур мешаванд, ки рӯзҳои дароз истанд.

Албатта, ҳамаи ин омил бар фоидаи иқтисоди кишвар ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аст. Зеро ҳоло дар деҳоти дурдаст бинобар набудани меҳмонхонаҳои замонавӣ, сокинон хонаҳои худро ба “ҳомстей”  табдил додаанд. Дар ин ҷо меҳмон қабул карда, хизмат мерасонанд ва аз ин ҳаққи музд мегиранд. Ин шеваи кор дар вилояти Бадахшон  ба  анъана даромадааст. Масалан, дар “ҳомстей”  барои як нафар меҳмон, новобаста аз он ки вай дохилист ё хориҷӣ, 20 доллар дар як рӯз пешбинӣ шудааст. Ҳатто пандемия то ба киссаи аҳолии дурдасти кишвар ҳам зарба расонд.

Усмон Раҳимзода, “Тоҷикистон”

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.