Нахустин филиали «Саноатсодиротбонк» дар Хуҷанд ифтитоҳ гардид (аксҳо)

Имрўз, 16-уми август маросими ифтитоҳи филиали Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» дар кўчаи Шарқи шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дар он раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси КВД бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» Ҳокимшоҳ Бобозода, раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва фаъолони шаҳру бонкдорон ширкат намуданд.

Аз дафтари матбуоти “Саноатсодиротбонк” ба Pressa.tj  хабар доданд, ки дар шаҳри Хуҷанд ин аввалин филиали бонки мазкур дар қаламрави ҷумҳурӣ мебошад. Ҳадаф аз таъсиси филиали бонк боз ҳам бештар дастгирӣ намудани соҳибкорони ватанӣ дар манотиқи гуногуни кишвар, бахсус вилояти Суғд, яке аз минтақаҳои бузурги рушди саноат ва содирот дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Бонки «Саноатсодиротбонк» аз рўзи таъсисёбии хеш ҳамчун саромягузори дохилӣ барои дастгирӣ намудани соҳибкорони истеҳсолии кишвар фаъолият худро равона намудааст, ки то ба имрўз ба 223 субектҳои соҳибкорӣ дар ҳаҷми беш аз 326 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо намудааст, ки дар миёни онҳо соҳибкорони фаъол низ дар вилояти Суғд кам нестанд.

Дар филилали ифтитоҳгардида беш аз 20 нафар мутахасисони соҳибкасби маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши баланд таъмин гардиданд.

Филиал имкони роҳандозӣ намудани тамоми хизматрасониҳои бонкиро доро буда, ҳадафи асосӣ ин боз ҳам бештар саромоягузор будан дар рушди саноат ва содироти кишварро дар бар мегирад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.