Низомиддин Зоҳидӣ маблағи ҳаҷми тиҷорати Эрон бо Тоҷикистонро гуфт

Мувофиқи созишнома миёни Эрон ва Тоҷикистон,  ҳаҷми табодули молии дуҷониба то 500 миллион евро афзоиш хоҳад ёфт. Дар ин бора Сафири Тоҷикистон дар Эрон  Низомиддин Зоҳидӣ зимни як ҳамоиши дар Теҳрон гуфтааст.

Бино бар иттилои Iran.ru, Низомиддин Зоҳидӣ дар конфронсе, ки дар Пажӯҳишгоҳи фарҳанги Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Теҳрон ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори равобити дипломатии Эрон ва Тоҷикистон баргузор шуд, оид ба дурнамои равобити ду кишвар сухан гуфт.

 Низомиддин Зоҳидӣ иброз намудааст, ки равобити дипломатии Эрон ва Тоҷикистон 160 санади ҳамкориро дар бар мегиранд.

Сафир бо ишора ба ҳадафҳои дарозмуддати ду кишвар дар заминаи ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ гуфт:  «Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда миёни ду кишвар ҳаҷми табодули молии дуҷониба то ба 500 миллион евро афзоиш хоҳад ёфт».

«Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки узвияти доимии Эрон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба нафъи ҳамаи кишварҳо хоҳад буд», изҳор намуд сафир дар робита ба ҳимояти Душанбе аз узвияти Эрон дар Созмони ҳамкории Шанхай.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.