Палатаи ҳисоб “Саноатсодиротбонк”-ро ҳам месанҷад

Палатаи ҳисоби Тоҷикистон тасмим дорад, ки дар соли равон сохторҳои тандурустӣ, кишоварзӣ, ҳифзи меҳнат ва лоиҳаи сармояузориро аз санҷишҳои адиторӣ гузаронад.  Дар ин миён бонкҳои кишвар, аз ҷумла “Саноатсодиротбонк” низ ҳаст.

Дар ин бора имрӯз, 15 июл Файзалӣ Аҳмадзода, муовини раиси ин ниҳоди молиявӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

“Палатаи ҳисоб дар нимсолаи аввали соли равон дар вазору идораҳо, марказ ва татбиқи  лоиҳаи сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 83, 2 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор кард. Инҳо асосан хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулӣ, изофанависӣ дар корҳои сохтмонӣ, маблағҳои  кам ҳисобгардида ва рӯйпӯш намудани андозҳо, пардохт накардани саҳмияҳои  ба давлат тааллқдошта мебошанд”,-гуфт Аҳмадзода.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *