Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Пардаи саҳна ва воқеияти рӯз. Ибтидо аз Суғд

Сухан аз даҳони Луқмон, Луқмон факту рақамҳо, ибтидо аз Суғд

Хисороте, ки пандемияи коронавирус ба иқтисодиёти ҷаҳон расонд, аз хисороти ҷангҳои ҷаҳонӣ бештар аст. Азбаски ин хисорот ҳанӯз ҳам домони дароз дорад, касе наметавонад рақами муайянро пешбарӣ созад. Аммо дар мавриди гарданшикан будани он ҳама коршиносон бо як забон ҳарф мезананд. Идораи “Тоҷикистон” дар дарозию кӯтоҳии ин домон дар Тоҷикистон маълумоте дар даст надорад. Ин хисорот ду ҷиҳат дорад: яке моддӣ ва дигаре маънавӣ, ки мавриди истифода қарор нагирифтани патенсиали зеҳнӣ ва бозуро фаро мегирад.

Буҷаи Тоҷикистон барои соли 2020 охири соли 2019 таҳия ва тасдиқ гардида буд, ки ҳанӯз бӯе аз коронавирус набуд. Суоле пеш меояд, ки шаҳру вилоятҳои кишвар нақшаи тартибдодаро иҷро карданд ё роҳбарон зери пардаи ғафси пандемия чеҳраи худро пинҳон сохтанд? Як нукта ҷои зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитро муҳайё сохтанд, ки шикоят камтар шаваду матонат бештар.

Чанде пеш аз расонаҳои вилояти Суғд мо ҳисоботи Раиси вилоят Раҷҷаббой Аҳмадзодаро дастрас намудем. Аввалин рақаме, ки моро ба ҳайрат овард 102.9 фоиз буд. Дар ҳоле, ки дигар вилояту шаҳрҳо чӣ ҳол доранд, зери парда пӯшида аст. Ҳафтаномаи “Тоҷикистон ” тасмим дорад дар шумораҳои оянда аз фаъолияти онҳо, рафти андозсупорӣ дар ҷумҳурӣ ҳамин гуна рақамҳои воқеиро дастрас созад. 

 Биёед, суханро ба факту рақамҳо ва далел медиҳем ва қазоватро ба раисони шаҳру вилотҳо ва ангушти ҳайратро ба сокинони кишвар.

Соҳибкорӣ

Дар вилоят ба бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва рушди соҳибкорӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад. Ҳамин аст, ки мақомоти вилоят баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар  ҷиҳати дастгирии давлатии ҳама намуди фаъолияти соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории хурду миёна корҳои муайянро амалӣ намудааст. Таъмини рушди бемайлони соҳибкории хурду миёна, дастрасии соҳа ба имтиёзҳои иқтисодӣ омили асосии баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва таъминот бо ҷойи корӣ маҳсуб меёбад. Ҳоло дар вилоят теъдоди соҳибкорони инфиродӣ 111401 нафарро ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли қаблӣ 2614 нафар  зиёд мебошанд. Аз ҷумла, соҳибкорони инфиродие, ки аз рӯи патент фаъолият доранд, ба 35792 нафар баробар шуда,  нисбат ба соли 2019 293 нафар зиёд аст. Субъектони бо шаҳодатнома фаъолиятдошта якҷоя бо хоҷагиҳои деҳқонии инфиродию оилавӣ 75609 ададро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ 2321 адад афзудааст.

Соли  2020 дар вилояти Суғд чандин корхонаҳои нав таъсис ёфтанд, ки аксарияти онҳо бо иштироки  Президенти кишвар муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуданд. Корхонаи коркарди меваи хушки ҶДММ “Хуҷанд-Агро” дар минтақаи саноатии шаҳр,  коргоҳи коркарду бандубасти асали филиали ширкати канадагии “Хантана Канада ИНК” , Корхонаи истеҳсоли профилҳои пластикии дару тирезаҳои ҶДММ Корхонаи муштараки Тоҷикистону туркии “Афранг-пластик”, фермаи модаговҳои кооперативи тиҷоратии “Бобоҷон Мақсудов”, бунёди боғи интенсивии ҶДММ “Самири Суғд” дар масоҳати 700 га дар мавзеи “Рухак”-и деҳоти “Ғозиён”, бунёди боғи суперинтенсивӣ дар Муассисаи давалтии “Боғи миллии Ваҳдат”, корхонаи истеҳсоли мех ва мехҳои печони соҳибкори инфиродӣ Акрамов И. ва корхонаи истеҳсоли қубурҳои полиэтилении соҳибкори инфиродӣ Оқилов Г., коргоҳи мурғпарварии ҶДММ “Мурғи аълосифат”, коргоҳи коркарди коғази ҶДММ “Сахо ва Ко” , гармхонаи замонавии парвариши помидор дар масоҳати 1 га дар хоҷагии деҳқонии “Дӯстобод-2” дар деҳаи Озариёни  ноҳияи Спитамен аз ҷумлаи онҳоянд. Ҳоло тамоми ин корхонаҳо фаъолият дошта, кормандон бо маоши баланд таъминанд.

Фазои  сармоягузорӣ дар вилояти Суғд муосид аст. Мақомоти вилоят талош дорад, ки ҷалби сармояи дохил ва хориҷро барои бунёди корхонаҳои бузург бештар намояд. Соли гузашта ба маблағи 140,7 млн. доллар сармоягузориҳо, аз ҷумла 120,9 млн. доллар сармояи хориҷӣ ва 19,8 млн. доллар сармояи дохилӣ ҷалб гардидааст. Аз ҷумла, ба маблағи 46,77 млн. доллар сармояи мустақим ва ба маблағи 48,3 млн. доллар ҳар гуна сармоягузориҳо ба иқтисодиёти вилоят ҷалб карда шуданд.

Рекорд дар кишоварзӣ

Соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки пешбурди иқтисодиёти вилоят маҳсуб меёбад. Нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаҳои саноат, афзоиши имкониятҳои содиротии вилоят ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ  муҳим аст. Кишоварзони вилоят ҷиҳати таъмини рушди соҳа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 10821,0 млн. сомонӣ расониданд, ки баробари 110,5 фоизи ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Барои ҳосили соли 2020 дар масоҳати 278633,7 гектар кишт гузаронида шуда, дурнамои кишти аксари зироатҳо таъмин гардид. Аз майдони умумии кишт 233693, 9 гектар ё 83,9 фоиз ба корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 44939,8 гектар ё 16,1 фоиз ба аҳолӣ рост меояд. Майдони кишти зироатҳои ғаллагию лӯбиёгӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят нисбат ба соли қаблӣ 4196,9 гектар зиёд шудааст. Дар майдони 117559,0 гектар ғалладонагиҳо (ба ғайр аз ҷуворимакка барои дон) кошта шудааст. Соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар масоҳати 23098,0 гектар кишти картошка гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 648,1 гектар ё 2,9 фоиз зиёд мебошад.

Кишти асосии сабзавот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар масоҳати 17231,5 гектар гузаронида шуда, нисбат ба соли сипарӣ 1344,7 гектар ё 8,5 фоиз зиёд крада шуд. Аз ин масоҳат майдони кишти пиёз 5135,4 гектарро дар бар мегирад, ки аз майдони кишти соли қаблӣ 368,5 гектар ё 7,7 фоиз зиёд аст. Полезиҳо дар майдони 6477,2 гектар кишт карда шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 817 гектар ё 14,4 фоиз зиёд мебошад.

Гузаронидани кишти такрорӣ дар майдони 20600 гектар ба нақша гирифта шуда, амалан то 1 сентябри соли ҷорӣ, ки марҳилаи ҷамъбастии кишти такрории зироатҳо мебошад, дар майдони 18051 гектар кишти такрории ғаллагӣ ва лӯбиёгиҳо, картошка, сабзавот, полезиҳо, зироатҳои техникӣ ва хӯроки чорво гузаронида шуд. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар ин давраи дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо 351,4 ҳазор тонна, аз ҷумла гандум 139,6 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2019 мутаносибан 5,9 ва 10,9 фоиз зиёд мебошад.

Суръати афзоиш зери бонги коронавирус

Тибқи маълумоти мақомоти вилоят, маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба 21,6 миллиард сомонӣ ва суръати афзоиши он ба 104,5 фоиз расонида шуд. Ҳиссаи Маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят дар ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ 26,2 фоизро ташкил намуд.

Ба таъсири омилҳои манфӣ нигоҳ накарда, дар соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 15,4 миллиард сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш бо дарназардошти индекси нархҳо 117,4 фоиз таъмин гардид. Дар соли 2020 дар миқёси вилоят 107 корхонаву коргоҳи нав бо 1570 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд. Дар самти истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда, бахусус коркарди маҳсулоти кишоварзӣ пешравиҳо назаррас мебошанд. Аз ҷумла, истеҳсоли консерваҳои меваю сабзавот ба 30,3 миллион қуттии шартӣ расонда шуда, суръати афзоиш 1,5 баробар таъмин гардид.

Кишоварзони вилоят ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар соли 2020 дар ҳама шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 10 миллиарду 821 миллион сомонӣ расониданд, ки баробари 110,5 фоизи ҳамин давраи соли гузашта мебошад. Барои ҳосили соли 2020 дар масоҳати 278,6 ҳазор гектар кишт гузаронида шуда, дурнамои кишти аксари зироатҳо таъмин гардид. Тибқи нақша, дар вилоят бунёд ва таҷдиди 7190 иншооти ҷашнии истеҳсолию иҷтимоӣ пешбинӣ гардида, то ин давра 5990 иншооти гуногун ба истифода дода шуд.

Буҷет ва нақша

Соли 2020 мақомоти вилояти Суғд  нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ (бе назардошти андози иҷтимоӣ)-ро ба маблағи 2382,9 млн. сомонӣ тасдиқ карда, иҷрои нақшаро 102,9 фоиз таъмин кард. Дар ин росто, ба буҷет 2452,2 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 69,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.  Дар ин давра ба буҷети маҳаллии вилоят ба ҷойи 1837,9 млн. сомонии дар нақша пешбинигардида 1839,7 млн. сомонӣ ворид гардид, ки баробари 100,1 фоизи нақша буда, барзиёдиҷрошавӣ 1,8 млн. сомонӣ таъмин шудааст.

Маориф як соҳаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Чун ҳамеша  афзалият ба соҳаҳои иҷтимоӣ дода шуда, ба соҳаҳои маориф — 880, 1 млн. сомонӣ, тандурустӣ — 491,4 млн. сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ — 21,7 млн. сомонӣ, фарҳангу варзиш — 114,8 млн. сомонӣ ва дар маҷмӯъ 1508,0 млн. сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона гардид, ки 80,4 фоизи хароҷоти умумии буҷетҳои маҳаллии вилоятро ташкил медиҳад. Нақшаи қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилоят 827,1 млн. сомонӣ пешбинӣ шуда, дар амал 767,0 млн. сомонӣ ҷамъоварӣ шудааст.

Усмон Раҳимзода

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.