Президентҳо — моҳонаи кӣ чӣ қадар аст?

Нашрияи «Les Echos» якҷо бо хизматрасонии махсуси Statista феҳристи даҳгонаи сарварони маошкалонтарини давлатҳои дунёро дар соли 2016 мураттаб сохтаанд.

Маоши аз ҳама калонтарини аввалини  ҷаҳонро сарвазири Сингапур Ли Сян Лун  барои иҷрои вазифаҳои давлатии худ мегирад.

Даромади ӯ дар як моҳ $181 960 ва солона  $2 183 516 мебошад. Ин нисбат ба сарварони дигар кишварҳо чанд карат зиё аст. Азбаски дар Сингапур ҳамарӯза бар зидди коррупсия муборизаи муваффақ бурда мешавад, он ба болоравии маошҳо боис мегардад. Ба мақсади пешгирии фасод маоши хизматчиёни давлатии Сингапур дар ҷаҳон зиёдтарин ба ҳисоб меравад ва мансабдорони  чапдаст муҷозоти сахт мегиранд.

Дар ҷойи дуюм маоши роҳбари маъмурияти Ҳонконг Лян Чжэнин ба андозаи  $530 ҳазор дар як сол меистад.

Ин новобаста аз он аст, ки Ҳонконг давлати мустақил набуда, балки округи маъмурии ҳуқуқи мухторият (автономӣ)-дошта мебошад. Роҳбари маъмуриятро на Пекин, балки кумитаи махсуси сокинони Ҳонконг интихоб менамояд. Яъне, ӯро сарвари давлат гуфта метавонем. Аз ин рӯ, маоши Лян Чжэнин аз сарвари Хитой  Си Сзинпин хеле зиёд аст. Ин гуна маоши баланд аз мубориза бо коррупсия вобастагӣ дорад.

Моҳонаи собиқ президенти ИМА Барак Обама, ки дар ҷойи сеюм меистад, ҳар моҳ 33 ҳазор  доллар ва дар як сол наздики 400 ҳазор доллар мебошад.

Баъди Обама дар рӯйхат сарвазири Австралия Тони Эбботт бо маоши  $345 000 дар як сол омадааст.

Ҳокимони Ирландия Майкл Хиггинс

ва Люксембург Ксавйе Беттел

бо маоши солонаи  $340 000 меистанд. Онҳо дар Аврупо дар садри аввал мебошанд. Роҳбарони ҳукумати иҷроияи Канада Стивен Харпер

(дар як сол $296 400) ва   Зеландияи Нав Ҷон Кей

(солона $290 000) ҳафтуму ҳаштум ба шумор мераванд. Дар ҷойи 9-уми феҳристи ҷаҳонӣ сарвазири Германия Ангела Меркел

($283 608 дар як сол) ҷой гирифтааст. Даҳгонаи маошкалонтаринҳоро сарвазири Ҷопон Абэ Синдзо

($273 000 дар як сол) анҷом додааст.

Дар қитъаи Африко  маоши калонтаринро миёни арбобони сиёсӣ сарвари Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Джейкоб Зума дорад.

Маблағи  солонаи ӯ  272 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Бад-ин минвол аз миёни маоши калонтарини сарварони ҷаҳонӣ моҳонаҳои президенти  Италия Серджо Маттарелла

($273 000), президенти Фаронса  Франсуа Олланд

($230 000) ва сарвазири Британияи  Кабир Дэвид Камеронро

($215 000 дар як сол) таъкид намуд.  Онҳо дар мақоми 12, 13 ва 14 ҷой дода шудаанд. Пас аз ин дар феҳраст роҳбарони Финляндия, Исландия,  Кореяи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Хитой (Тайван), Нидерландҳо ва Кения оварда шуданд.

Маошҳои президентони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ

Пас роҳбарони давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ чӣ қадар маош мегиранд?  Тибқи маълумоти васоити ахбои омма аз  соли 2015 миёни кишварҳои пасошӯравӣ  дар ҷойи аввал президенти Литва Дали Грибаускайте

бо маоши солонаи $93 600 пешсаф аст (ба ҳисоби миёна ҳар моҳ қариб 8000 доллар).

Маоши президенти Русия Владимир Путин

дар як моҳ 9,5 ҳазор доллар (340 000 рубл) ва дар як сол ба $115 ҳазор  баробар буд. Пас аз он ки қурби рубл поин фаромад, моҳонаи Путин дар як моҳ ба 5600 доллар ва дар як сол ба  $67 000 баробар шуд, ки нишондиҳандаи дуюмин дар кишварҳои пасошӯравӣ маҳсуб меёбад.

Баъд аз ӯ президентони Гурҷистон Георгий Маргвелашвили

($36 000 солона), Беларус  Александр Лукашенко

($27 600 солона) ва Қазоқистон Нурсултан Назарбаев

($20 400 дар як сол) ҷойгир шудаанд.

Маоши президенти Ӯзбекистон

 дар як сол $15 600 муқаррар шудааст.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

вобаста ба вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар дар як сол 13 200 доллар мегирад.

Маоши камтаринро дар кишварҳои узви ИДМ президенти Украина Пётр Порошенко

мегирифтааст – беш аз $11 640 дар як сол (тибқи қурби доллар дар моҳи феврали соли 2015).

Таҳияи Эмоми НАЗАРИЁН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *